Изҳороти аҳли ҷомеаи кафедраи таърихи умумӣ оид ба эълони багузории гирдиҳамои дар Берлин
Мо устодони кафедраи таърихи умумӣ аз васоити ахбори умум огоҳи ёфтем, ки Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки аз тарафи хоинони Ватан бо мақсади расонидани таъсири манфӣ ба имиджи кишвар дар хориҷа таъис ёфтааст, бо пахши эъломияи матбуотӣ эълон кардааст, ки 10-уми декабри соли ҷорӣ дар рў ба рўи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон гирдиҳамоии бузурге баргузор менамоянд. Ҳамин тариқ танҳо дар соли охир хоинони давлат бори чандум аст, ки ташкилотҳои муваққатии худро бо мақсади бадном намудани Ватани худ таъсис дода, номи давлатамонро ба ҳар роҳу васила сиёҳ карданианд.
Хушбахтона Қонунҳои давлату ҳукумат дар замони муосир по бар ҷо ва мустаҳкам аст ва ба чунин таклифу пешниҳодҳои авомфиребон зарурият нест. Судҳои Ватанӣ медонад, ки ба кӣ чи гуна ҳукмро раво бинанд. Хушбахтона давлату ҳукумати кунунӣ ҷомеаи моро аз чунин инсонҳои хатарнок пок месозад.
Чунин амалҳои авмфиребонаи хоинони давлат боз бори дигар моро водор менамояд, ки ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расида, барои ободии ватани азизамон сарҷамъона камари ҳиммат бубандем. Раванди тараққиёти кишварамон аз тамоми аҳли ҷомеа вобастаги дорад. Мо аҳли ҷомеаи кафедраи таърихи умумӣ чунин амалҳои зидди давлатӣ ва хоинонаро маҳкум менамоем ва аз ҳамватанон хоҳиш менамоем, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва нагузоранд, ки душманони миллат бо афкори авомфиребонаи худ моро ба сўи гумроҳӣ баранд.