​Изҳороти декани факултети таърих ва ҳуқуқ дотсент Ҷабборов И.Р. оид ба муноқишаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Аз даврони шӯравӣ инҷониб байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар баъзе минтақаҳои сарҳадӣ оид ба масъалаи истифодаи замину чарогоҳ, манбаи об, роҳу гузаргоҳ муаммоҳои ҳал нашуда вуҷуд дорад.

Санадҳои бойгонӣ, харитаҳои давраи шӯравӣ собит месозанд, ки бисёр қитъаҳои замину чарогоҳ, ки ҷониби қирғиз имрӯз даъвои онро доранд аслан замини Тоҷикистон буда, онро ҷониби мо ба қирғизҳо муваққатан барои чарогоҳ иҷора дода буданд. Қирғизҳо, ки мардуми чорводоранд, чорвои мардуми тоҷикро низ дар ин чарогоҳҳои иҷорагирифтаашон мечарониданд. Аммо имрӯз онҳо ба ин заминҳо ғайриқонунӣ соҳиб шуданианд. Мутаасифона ҷониби Қирғизистон санадҳои бойгонӣ, қарорҳо, харитаҳо ва дигар санадҳои аслии ҳуқуқиро ба инобат нагирифта, ҳангоми баҳс "санаду далелҳои” бофтаву сохтаро пешниҳод мекунанд.

Бояд хотирнишон шуд, ки дар соли ҷорӣ дуюмин маротиба аст, ки байни Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаи сарҳадӣ рух дода истодааст. Санаи 13-14-уми марти соли равон дар натиҷаи муноқишаи сарҳадӣ байни аҳолии деҳаи Оқ-Сойи Қирғизистон аз як тараф ва деҳаҳои Ворух ва Чоркӯҳи Тоҷикистон аз дигар тараф 3 нафар тоҷикон ба ҳалокат расида буданд. Сабаби муноқишаи сарҳадӣ аз тарафи Қирғизистон оғоз шудани сохтмони роҳ, ки бо ҷониби Тоҷикистон мувофиқа нагардида буд, шуда буд. Қаблан, дар натиҷаи гуфтушунидҳои дуҷониба тарафҳо ба мувофиқа омада буданд, ки сохтмони роҳ аз тарафи Қирғизистон қатъ гардад.

Санаи 22-23-уми июл, ки бори дигар сарҳадбонони Қирғизистон ба иғво даст заданд, 1 нафар шаҳрвандӣ мо ба ҳалокат расида, мувофиқимаълумотҳои гуногун аз ҳар ду тараф 20-30 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Бо мақсади хотима бахшидан ба муноқишаҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26-уми июл ба вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон сафар намуда, бо президенти он Сооронбой Жээнбеков гуфтушунид гузарониданд. Дар натиҷаи гуфтушунид ба мувофиқа расида шуд, ки минбаъд низоъҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда шаванд. Сарварони ҳар ду кишвар якҷоя ба деҳаи Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон рафта, аз аҳоли низ хоҳиш намуданд, ки минбаъд муаммоҳои ба миён меомада танҳо бо роҳи дипломатӣ ҳал карда шаванд.

Дар чунин вазъияти душвор аъзоёни ҲНИ, ки дар хориҷа бо сиёҳ кардани давлату ҳукумат машғуланд, оид ба ҳодисаҳои дар боло зикр шуда хомӯширо афзалтар дидаанд. Аъзоёни ҲНИ, ки худро ватанпарвари асил меҳисобанд, мебоист, ки ба ҳодисаҳои рухдода баҳои объективии худро медоданд ва ҳамватанонамон, сокинони деҳаҳои Ворух ва Чоркӯҳ, ки дар маркази муноқиша қарор дошта, зарари ҷонӣ, моддӣ ва маънавӣ дида истодаанд, дастгирӣ мекарданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ