​Терроризм аз ислом нест

Инсон ки ба дунё омад бояд дар ин дунё ба ғайр аз тухми накӯкорӣ чизе накораду насабзонад. Аммо имрӯз баъзе аз ашхос ба қадри сулҳу субот зиндагии орому осуда нарасида, ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил гардида, умеду орзуи волидонро барбод, ҳаёти ширини хешро талх ва амияту ороми ватани хешро халалдор мекунанд.

Имрӯз масъалаи муҳими ҷомеа ва давлат ин шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Тайи солҳои охир ҳаракатҳои ифротгароӣ ва динии мазҳабҳои гуногун, амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилонаи онҳо авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардуиро зери хатар гузошта истодаанд. Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, зеро ки ғояҳои асосии дини мубини Ислом дар баробари дин ва эътиқоди дини дигар, дар заминаи инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии бародаронаи халқҳо ва миллатҳо, ҳимоя намудани сулҳ ва амният ташаккул ёфтааст. Ислом ва ё дигар динро манбаи ифротгароӣ эътироф кардан комилан хатост, чун Ислом ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Онҳое,ки ҷавононро дом мекашанд, худ аз арзишҳои Ислом бархурдор нестанд ва ин дини покро ҳамчун парчами фаъолияти харобкоронаи худ истифода мебаранд.

Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти якчанд ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ: “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Салафия”, “Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон”, “Бародарони мусулмон”, “Лашкари тайиба”, “Ҳаракати толибон”, “Гурӯҳи 24”, “Ансоруллоҳ” ва амсоли инҳо манъ карда шудааст.Чӣ гуна ва чӣ хел ҷавонон ба ин гуна ҳизбҳо ҳамроҳ мешаванд ва сабаб дар чист? Ҷавононе, ки дар кӯчаҳо оворагардӣ мекунанд, аз илму фарҳанг дур мондаанд, дар шабакаи иҷтимоӣ беҳуда вақтгузаронӣ мекунанд фикр мекунам бештар хатари шомилшавӣ таҳдид мекунад. Сабаби дигари даст задани ҷавонон аз тарбияи нодурусти фарзандон дар оила, паст будани сатҳи дониши диниву дунявӣ, побанди молу мулк, таъсири бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, беаҳамиятӣ ва беназоратии падару модар боис ба доми ифротиён афтодани онҳо гардида истодааст.

Гурӯҳҳои ифротгароиву террористӣ дар минтақаҳои мухталифи олам хушунат ва задухӯрди хунини мазҳабҳои этникиро барангехта, боиси афзоиши исломситезӣ ва пайдоиши бадбинии мусулмонон шудаанд. Мо мазҳаби таҳаммулгароии худро дорем ва шахсияти бузурги олами Ислом-Имоми Аъзам Абуҳанифа мебошад.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои доғ фаъолияти ҳизбу ҳаркатҳои тундгаро ва экстримистӣ таваҷҷӯҳи хоса зозир гардид, ки бесабаб нест.Зеро чуноне,ки қайд гардид, “дар шароити муосир терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср на танҳо ба амнияти ҷаҳон ва сокинони сайёра таҳдид мекунад, балки барои башарият хатари он камтар аз силоҳи ядроӣ нест”. Аз ин хотир, ҳифзи ҷавононаз чунин гурӯҳу равияҳо ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарафзо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту озодихоҳ мебошад. Дар ин марҳилаи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир миллати сарбаланди мо метавонад, мафкураи миллӣ ва заковати азалии хешро аз ин хатарҳо дур нигоҳ дорад. Барои пойдории сулҳу осоиштаги давлатамон фикр мекунам,ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин дар ҷавонон пайдо кардани донишу заковати ҳаматарафа, тарбияи дуруст, шуурнокии баланд, ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Зеро, ки ояндаи Тоҷикистонамон дар дасти мо ҷавонон аст.

Пас имрӯз чӣ бояд кард, ки ҷавонон танҳо ба ободии кишвар саҳм гузоранд, на зиён ё ки хиёнат кунанд. Моро зарур аст,ки рӯ ба илм оварда аҳли ҷомеаро аз ин тоифаи террористони бадандеш эмин ва ҳифз нигоҳ дорем.

Тӯраева Тавҳидахон

донишҷӯи курси 2-юми МДТ ДДХба номи академик Б. Ғафуров,

факултети забонҳои шарқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ