Хавфу хатари терроризм ба суботу амнияти сайёра
Мо халқу миллати хушбахтем, ки дар фазои озоди соҳибихтиёрӣ кору фаъолият менамоем. Зеро дар харитаи сиёсии олам ба таври ҷовидонӣ сабт шудани номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо ҷиҳати татбиқи орзуву ормонҳои нуҳуфтаи миллӣ имкониятҳои фаровон пешниҳод менамояд. Вале воқеаҳои ҳузнангезе, ки дар давлатҳои мутараққии олам ва як қатор кишварҳои дигар ба вуқӯъ пайваста истодаанд, ҳеҷ як фарди худогоҳу худшиносро бетараф гузошта наметавонад. Дар ин бесарусомониҳо иддае аз мардуми пастфитрату бемаърифат дини мубини исломро ба худ сипар намуда, боиси вайронкориву бесарусомониҳо гаштаанд, зеро онҳо воқиф нестанд, ки бо ин рафтору амалиёти худ теша бар решаи ҳастиашон, давлату миллаташон мезананд.
Мутаассифона, ин гуна хиёнаткорону моҷароҷӯён дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба назар мерасанд, ки ба Модар-Ватани худ хиёнат намуда, берун аз хоки Тоҷикистон зери қаноти хоҷагони хориҷии худ нишаста, ба дасисаю иғвогарӣ роҳ дода истодаанд. Ҳайратовар аст, ки ин қабил афродро давлатҳои ҳамзабони мо пуштибонӣ мекунанд.
Ҷое, ки як ҳизби исломӣ ҳаст, даҳҳо ҳизбҳои дигари исломӣ ба миён меоянд ва ин ҳизбҳо бо пуштибонӣ аз давлатҳои ғайриисломӣ ба нобуд сохтани ҳамдигар даст мезананд. Ин мубориза барои пароканда кардану нобуд сохтани халқи мусулмон аст.
Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот ихтилофоту зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Бояд тазаккур дод, ки зимни шинохти фаъолияти ҲНИ ба ҳайси пуштибон ва сарпараст эътироф шудани баъзе аз кишварҳову ташкилотҳо ба назар мерасад. Таҳлили фаъолияти ҲНИ исбот намудааст, ки он бо созмону ташкилотҳои террористию экстремистӣ дар иртибот буда, бо роҳҳои пардапӯшона ва ҳатто кушоду равшан онҳоро тарафдорӣ менамоянд.
Терроризм – силоҳи пурқуввате мебошад, ки дар муборизаи зидди давлат истифода мешавад. Терроризми муосир дар шакли терроризми байналмиллалӣ баромад менамояд. Истилоҳи терроризм барои ифодаи анҷоми амалҳои террор ё даҳшатафкани дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Оқибатҳои вазнинтарини терроризм- ин зери хатар монданиҳаёти осоиштаи мардум мебошад. Дард, ғаму андӯҳ, бехонаву дар ва пушту паноҳ мондани мардуми заҳматкаш – ин ҳамаро танҳо бо сухан ифода намудан берун аз имконият мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш пайваста таъкид бар он медоранд, ки «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем».
Имрӯз ҲНИ барои тамоми минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як хатари ҷиддӣ табдил ёфта, ақидаҳои ифротгароён аз сатҳи тафаккур ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд гузашта истодаанд. Дар ин ҳолат шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад.
Сиёсати кунунии давлатро имрӯз ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ошкоркунӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои террористиву экстремистӣ ташкил медиҳад. Дар ин радиф мо омӯзгорон набояд, ки нисбати ҳамагуна ҳамлаҳои мафкуравию пасипардагӣ бетараф бошем, балки барои равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, адабу маърифат чун табақаи нерӯманди ҷомеа, баҳри ободиву шукуфоии миллати абарқудрати тоҷик ҷонбозию талош варзем.
Қобили тазаккур аст, ки бе шинохти дурусти гузашта бунёди рӯзгори имрӯза ва тарҳрезии нақшаҳои рушди оянда имконнопазир аст. Муаррифии арзандаи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои асилу баландмақоми воқеии дини ислом ва каломи поки Парвардигор дар тарбияи руҳияи ватандӯстӣ ва фидокории насли ҷавон нақши муассир мебозад, зеро он панду ибрат ва муаррифгари сатҳу маънавиёти баланди ахлоқи ҷомеаи башарият аст.
Дар партави сулҳу суботи комили кишвар ва таъмини рушди устувори он бояд ба эътибор гирифт, ки хусусияти ташвишовар касб намудани терроризм ва экстремизми динӣ барои давлатҳои миллии рушдкунанда хатари ҷиддӣ эҷод менамояд. Ин паҳлуи масъала моро барои нигоҳ доштани ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии миллӣ водор месозад ва ибрат медиҳад, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро дар ин самт пурзӯр намоем. Сулҳу субот ва оромии мардуми тоҷик ва кишвари азизамон Тоҷикистонро муқаддас дорем!
Раҳмонова Д. З.