​ҲНИ – худро ҳизби ғоратгарону, дуздон ва роҳзанону қотилон эълон кар

Нависандаи маъруфи рус – Владимир Медведев ки чандин сол дар Тоҷикистон ва дигар манотиқи Осиёи Марказӣ зиндагӣ кардаасту, муаллифи пажӯҳишҳо дар падидаи босмачигарист, дар хотираҳояш аз босамчигаронҳамчун равияи гурӯҳи нохалафон ёдовар мешавад ва мегӯяд, ки босмачигаронро саркарда аз нирӯҳои парокандашудаи аморат то гурӯҳҳои ҷиноии раъди маърака ташкил медоданд. Айни ҳамин гуфтаҳо дар ёддоштҳои донишманди маъруфи тоҷики зодаи Бухоро Низом Нурҷонов низ қайд гардидааст.

Таърихнигорон бо дарназардошти таҳлил, таҳқиқ ва омӯзишу баррасии мукаммал ва мунсифонаи маводи маохиз босмачиёнро ҳамчунғоратгар, роҳзан, дузд, қотил ва бадхоҳи омма маънидод кардаанд.

Пештозони босмачиён чун Давлатманд-бий, Фузайл Махсум, Иброҳимбек, Ҷумъа Қурбошӣ, Холбӯта ба масобеи муфтхӯрон аз ҳисоби ғорати мардумва бедодгарӣ дар ҷомеа ба айшу ишрат машғул буданд. Баъди гузашти аср худро босмачӣ эълон кардани роҳбарони ТЭТ ҲНИ далоили онро дорад, ки дарвоқеъ дар замири наҳзатиён афкору андеша ва мақсадҳои муғризона ҷӯш мезанад. Яъне наҳзатиён маҳз ҳамон ворисони босмачиёни қарни гузаштае ҳастанд, ки ба сари мардуми Осиёи Марказӣ хоса минтақаҳои тоҷикнишин мусибату уқбатҳои ҳузнангез оварданд. Яъне босмачӣ будан, дар баробари дузд, роҳзан, ғоратгар, қотил буд маънои ифротӣ будан ва нобасомониву нооромӣ хостанро дорад. Дар ҳақиқат амалу кирдорҳои наҳзатиён бо босмачиён куллан мувофиқат мекунад. Гузашта аз ин наҳзатиён исбот карданд, ки манфиатҳои ҷомеаи Тоҷикистон барои онҳо заррае ҳам муҳимияте надошта, чашми онҳоро буғзу ҳасад ва ғаразҳои шахсӣ чун ҳукуматхоҳӣ кӯр кардааст.

Омӯзиши таърихи давлатдории бисёре аз кишварҳои руи олам ва таҳлили воқеаву ҳаводиси ҳар як давра собит намудааст, ки аз азал дар ҳар кишвар хоину бадхоњон ва дилсиёҳоне буданд, ки ба ҳар роҳ усул ва шева кӯшиши монеъи роҳи ташаккул ва рушди ҳаёти иҷтимоиро мекарданд ва ин ҳолат дар замони мо низ возеҳ ба назар мерасад. Наҳзатиёни босмачӣ, ки нумуи Тоҷикистонро чашми дидан надоранд, ҳолиё ба амволи давлат ва моликияти шаҳрвандон дида медӯзанд.

Баъди аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор мавриди санҷишу таҳлил қарор додани фаъолияти ТЭТ ҲНИ ва намояндагони онҳо аён гардид, ки роҳбарони ин ташкилот замони фаъолият дар Тоҷикистон ба ҷиноятҳои зиёде чун аз худ кардани моликияти шаҳрвандон ва амволи давлатӣ даст задаанд ва ин ҳақиқат ошкор шуд. Аз ин ҳисоб ва дигар даромадҳои ғайриқонунии худ наҳзатиён суратҳисобҳои бонкӣ бо маблағҳои ҳангуфт дар бонкҳои хориҷи Тоҷикистон доштанд ва ҳолиё доранд. Инҷо суоле пеш меояд, ки чӣ фарқияте байни Босмачиёни дузд ва наҳзатиёни фиребгару ғоратгари мардум ҳаст? Бешубҳа тафовуте нест.

Дар урфият мегӯянд, ки “Кӯза бӯи он мекунад, ки дар дохилаш ҳаст”. Воқеан наҳзатиёни босмачӣ, рабоянда, муттаҳаму, яғомогар буданд. Ва охируламр худ инро эътироф ва эълон карданд.

Дилбар Самадова н.и.ф. директори китобхонаи марказии донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ