Хиёнатпешаро гӯру кафан нест…
Баъди даст ба аъмоли ноҷавонмардона задани аъзо ва пайравони ташкилоти террористии ҲНИ онҳо рӯ ба фирор ниҳода, дар назди созмонҳои ҳуқиқи башар худро мӯсичаи бегуноҳу ҷабрдида муаррифӣ намуданд то барояшон паноҳгоҳ бидиҳанд. Ин афроди хиёнатпеша баъди соҳиби макон шудан дар кишварҳои Аврупоӣ боз ба рафтори нохалафонаи худ – хиёнат намудан ба ватану миллат ва бадном сохтани соҳибмақомони кишвар идома доданд.
Яке аз ин гуна ашхос Илҳом Ёқубов мебошад, ки чун булбул аз рӯи дастури хоҷагони худ сароида, пайваста мекӯшад аз пашша фил созад ва бо ин роҳ худро сиёсатмадору таҳлилгари авзои сиёсӣ муаррифӣ намояд. Аммо намедонад, ки дар ҳама давру замон хоин хоин аст ва ҳеҷ вақт соҳиби обрӯву эътибор намегардад. Зики ҳикояти пандомӯзро дар ин ҷо ба мақсад мувофиқ медонам,то нафарони ноогоҳ донанд, ки хоин дар назди ҳеҷ кас қадру қимат надорад:
Мегӯянд рӯзе барои Султонмаҳмуди Ғазнавӣ кабке оварданд, ки ланг буд. Фурӯшанда барои фурӯшаш зару зевари зиёд дархост мекард. Султон ҳикмати қимати зиёди кабки лангро ҷӯё шуд. Фурӯшанда гуфт: Вақте дом паҳн мекунем барои кабкҳо ин кабкро наздики домҳо раҳо мекунем. Овози хуш сар медиҳад ва кабкҳои дигар ба суроғаш меоянд ва дар ин вақт гирифтори дом мешаванд. Ҳар бор, ки кабркро барои шикор бибарам ҳатман теъдоди зиёди кабк гирифтори дом мешаванд.
Султон амр ба харидан кард ва хостори кабк шуд. Чун зар ба фурӯшанда доданд ва кабк ба Султон, Султон теғе бар гардани кабки ланг зад ва сарашро ҷудо кард.
Фурӯшанда, ки нобоварона сари қатъшудава тани беҷони кабкро медид гуфт: Инро чаро сар буридӣ? Султон гуфт: Ҳар кас миллату қавми худро бифурӯшад бояд сар аз танаш ҷудо шавад.
Мусаллам аст, ки нафари хоин, ки миллату ватан ва модару дигар арзишҳои маънавӣ барояш қимате надоранд, дар назди ҳеҷ кас қадру манзалат надорад. Бубинед, ки агар ин кабк дар назди соҳибаш қадр медошт, ҳеҷ гоҳ фурӯхта намешуд ва ё Султонмаҳмуди Ғазнавӣ онро сар намезад. Яъне онҳое, ки ба миллату ватани худ хиёнат мекунанд ҳеҷ кас раҳмашонро намехӯрад ва барояшон эҳтиром қоил нест.
Кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ