​Сабабгори нооромию харобиҳои маҳаллаи Сомониён на халқи оддӣ, балки марзбононанд

Дирўз тавассути расонаҳои хабари хабаре таҳти унвони «КТО СТОИТ ЗА ПРОВОКАЦИОННЫМИ ДЕЙСТВИЯМИ КЫРГЫЗОВ В ПРИГРАНИЧНОЙ МАХАЛЛЕ СОМОНИЁН ДЖАМОАТА ЧОРКУ?

ПОГРАНИЧНИКИ ИЛИ…?» ба мо расид, ки моро водор ба навиштан кард. Бино ба ахбори мазкур чанд рўз қабл гуруҳе аз сокинони мавзеи Кўктоши деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон қасдона оинаҳо ва болопўш(шифер)-и як мағоза ва нонвойхонаи маҳалла ва рўзи дигар оинаи як мошинаи сабукрави истиқоматкунандаи маҳаллаи мазкур Умрониддин Сафаровро шикаста, ба соҳибони мағозаю нонвойхона ва мошини сабукрав зарари калони моддӣ расонидаанд.

Баробари хондани ин хабар чанд савол маро ором намегузошт. Оё ин амал хоси шахси солимфикр аст? Магар чунин маконро, ки яке молҳои талаботи мардум мефурўшаду дигаре нон- азизтарин неъмат мепазад ва дастраси мардум мекунад, хароб намудан аз одоби ҳамсоядорӣ аст?

Бино ба иттилои манбаъ худи мардуми Кўктош низ аз ин маконҳо истифода мекарданд ва бо ин харобкорию вайронсозӣ ин гуруҳ на танҳо сокинони маҳаллаи Сомониён, балки аҳли хонавода ва хешу пайвандону худро низ аз хизматрасонии мағоза ва нонвойхона маҳрум сохтанд.

Бино ба ин ахбор зоҳиран худи марзбонони қирғиз дар ин нооромкунию вайронсозӣ даст доштаанд. Агар ин хабар дуруст аст, пас масъулин ва роҳбарони ин макону кишварро лозим аст, ки роҳи ин амали дур аз инсониро бигиранд. Вазифаи марзбонон таъмин намудани оромию амнияти кишвар ва марзу бум аст, на харобу вайрон намудани кишвари ҳамсоя ва ноором сохтани вазъияти давлату кишвари худ. Харобсозию зиёнҳои дигаре, ки ба истиқоматкунандагони маҳаллаи Сомониён расидааст, аз амали ноҷавонмардонаи гуруҳе аз мардуми қирғиз ва марзбонони онҳо хабар медиҳад, ки на танҳо сокинони маҳаллаи Сомониён, балки ҳамаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ором гузошта наметавонад.

Мо, ҷомеаи устодон ва омўзгорони факултети физикаю техникаи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ин амали ноҷавонмардонаи сокинони Куктоши ноҳияи Боткени Ҷумҳурии Ўзбекистонро маҳкум месозем ва умед дорем, ки масъулин ва роҳбарони дахлдори кишвари Қирғизистон ҷиҳати ҳарчи зудтар ором сохтани вазъи баамаломада чораҳои зарурӣ меандешанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ