Кабирӣ ва дасисабозиҳои ў
Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар арсаи байналхалқӣ ва ҳалли муаммоҳои дохилии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст. Албатта инкор кардан мумкин нест, ки дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ муаммоҳои зиёде мавҷуд мебошанд.
Лекин афроде аз халқе пайдо мешавад, ки барои сарвату моли дунё шуда, ба Ватани худ хиёнат намуда, ҳамчун беватан сарсону саргардон шуда, боз аз дуриҳои дур дахолат ба вазифаҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад. Яке аз роҳбари ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби назҳати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ дар фейсбук дар арафаи соли нав шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрикот намудааст. (АМИТ «Ховар»). Табрикоти Муҳиддин Кабирӣ дар арафаи соли нав самимӣ аст ё боз як найрангҳои сиёсӣ. Мардуми шарифи тоҷик аллакай дарси худогоҳу хештаншиносиро омўхтааст. Чунин табрикоту дилсўзии хиёнаткоронро кайҳо таҳлил намудааст. Шояд ба М.Кабирӣ ҳиссиётҳои ахлоқӣ, оила, миллат ватан бархостааст……
Новобаста аз он, ки ин ғайри сиёсист, ба хотири оромии ҷомеа, ба хотири ягонагии ҷомеа ва ба хотири он сулҳу суботе, ки имрўз Тоҷикистон соҳиб шудааст, аз мақомотҳои дахлдор даъват ба амал оварда мешавад, ки нисбати ин гурўҳи носолим чораҳои зарурӣ андешида шавад. Зеро масъалаҳои таъмин кардани амният дар мадди аввал меистад.Инро бояд дарк кард, ки истиқлолият бе таъмини амният вуҷуд дошта наметавонад.
Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба қадри сулҳу салоҳ, осудагии ҷамият ва оромии давлат расида ба ободониву созандагӣ ва бо тарбияи ҷавонон машғул шавем. Мардуми тоҷик,ҷавонон доимо дар асоси Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя, ҳамдилона ба бунёди ҷомеаи якдилу якмаром, давлати мутараққиву бонизом саҳмгузор бошем.
Изҳороти донишҷўи курси чоруми ихтисоси рўзноманигорӣ Исмоилова М