​Изҳороти муаллими кафедраи барномарезӣ Мирмуҳамедов М.М

Ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат аз ибтидо бо ниятҳои нопоки худ барои халалдор намудани оромию субот ва амну осоиш фаъолият менамуд. Пешравӣ ва сулҳу суботро нахоста, ба ҳар роҳу восита оромии мамлакатро халалдор менамуд.

Аз рўзҳои аввали фаъолияти худ ин ташкилоти террористӣ аз демократия сўйистифода намуда, амалҳои он аз арзишҳои демократӣ дур буданд.

Дар солҳои 90-уми асри гузашта ТЭТ ҲНИ яке аз тарафҳои моҷаро буд, фаъолияташ комилан ба меъёрҳои демократӣ мувофиқат намекунад. Муборизаи мусаллаҳонаи ин созмон барои ишғоли мансаб, соҳиб шудан ба қудрат, ба гурўҳҳо ҷудо намудани аҳолӣ, таҳаммулнопазирӣ ба нерўҳои дигари сиёсӣ, хусусан коммунистон, машғул шудан ба амалҳои гаравгонгирӣ ва террор аз моҳияти ғайридемократии ТЭТ ҲНИ дарак медод.

Сарварони ин созмон бояд эътироф намоянд, ки бадбахтиҳои ба сари мардуми кишвар омада, маҳз аз маърифати пасти сиёсии саркардаҳои ТЭТ ҲНИ дар солҳои 90-уми асри гузашта буд.

Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони ў, ки мунтазам даъвои сулҳу оромӣ мекунанд, дар қалбашон заррае меҳри Ватан надоранд. Ин душманони давлату миллат маҳз бо маблағгузории хоҷагони хориҷиашон дар ҷаласаҳои САҲА ширкат намуда, аз таъсиси паймони нави хиёнаткоронааш иттилоъ дод.

Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом барои пиёда намудани нақшаҳои нопоки худ дар мавриди созмон додани ташкилоти наве, ки дар он номи ислом набошад иттилоъ дод. Бо имзои чор тан аз гумроҳон Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Илҳом Ёқубзода ва Алим Шерзамонов гўё онҳо Паймони миллии Тоҷикистонро таъсис доданд. Ҳадафи таъсиси ташкилоти мазкур ҳанўз орзу ва пешниҳоди Кабирӣ буд. Мақсади ниҳоии Кабирӣ бинобар он ки ҳама аз хиёнатҳои наҳзатиён огоҳ гардид ва ин ташкилоти таҳрибкорро фаъолияти ғайриқонуниаш чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохил ҳамагон маҳкум намуданд, мехоҳад паймонеро таъсис дода ҷавононро ба сафҳои худ ҷалб намояд.

Гузашта аз ин кўшиш дорад, ки ҳар воқеву ҳодисаро ба манфиати худу зидди мардуми тоҷик бозтоб намояд. Аз ҷумла яке аз шармандагии сарварони он дар шарҳи ҷаласаҳои Женева мебошад. Онҳо кўшиш доранд, ки коршиносони тоҷикро, ки дар ҷаласа ҳузур доштанд назди мардум беобрў намоянд, бехабар аз он ки худ шарманда гардидаанд. Зеро ҳамагон медананд, ки «Бори каҷ ба манзил намерасад. Беҳтар мебуд наҳзатиён на ба зарари миллати худ, балки барои манфиати халқи тоҷик хидмат намоянд. Яъне аз гуфтан ба амал кардан гузаранд ва дар ободии кишвар бикўшанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ