Изҳороти Қаюмова Фирӯза-дотсент, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ
Дар ҷомеа аксарият ҷавонон ва ҳатто миёнсолоне, ки ба роҳи ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротӣ магараванд, дар бештар маврид аз ноқисии маънавӣ ва ниёзмандии бештар ба моддият ба вуҷуъ меояд. Дар ҷомеае ки сатҳи маънавият паст аст, дар он ҷо гумроҳиҳо авҷ мегирад ва ҳама чиз бар моддият ва чизҳои ноустувор қарор мегирад. Такмил доданимаънавияти ҷавонон ва донишгириву ҳунар раҳнамоӣ кардан ва ҳам ба роҳи дуруст ҳидоят намудан аз вазифаҳои муҳими имрӯз ба шумор меравад.Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллатдармавриди ин масъалаи мубрамчунин менависанд, ки “Тарбияи кадрҳои худшиносу ватандӯст, дорои масъулият ва малакаи баланди касбӣ, соҳиби донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии муосир, фидокор ва содиқ ба Ватану миллат, ҳушёру зирак, муборизи роҳи ҳуақиқату адолат вазифаи муҳимтарини Ҳукумат ва роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар мебошад”.Зеро маҳз ҷавонон созандаиҷомеаи мутамаддини оянда мебошанд.Яке аз роҳҳои беҳтарине, ки мардумро аз ҳар гуна хатарҳои моддиву маънавӣнаҷот мебахшад, ин рӯ овардан ба андешаҳо ва раҳнамоиҳои ниёгонихуд, олимон ва ҳакимон, хоса адибони классикӣ ва муосир мебошад, ки эшон бо нигоҳи дурбинонаи худ роҳу равишҳои зиёди пешравии маънавӣ ва камолоти инсониро нишон медиҳанд. Суханварони классики мо дар намуди жанрҳои гуногуни адабӣ андешаҳои мушаххаси худро доир ба тарбияиинсони комил, огоҳ ва худшинос, инчунин омилҳое, ки барои амну осоиши мардум заруранд, дақиқназарона баённамудаанд.Масалан, Абдураҳмони Ҷомӣдар баробари олим ва адиби барҷастаи давр будан, яке аз нафарони пешрафтаву соҳибмақоми замони худмаҳсуб меёфт. Дар осори шоир андешаҳои фаровонеропайдо кардан мумкин аст, ки дар ҳақиқат, барои бунёд сохтани ҷомеаи комилан иттифоқ, соҳибфарҳангу эмин аз ҳар гунахислатҳои зиддиинсонӣҳидоят месозад.
Ба андешаи Ҷомӣ он ҷавононе, ки аз ноогоҳӣ ва ғофилии худ ба бегонапарастӣ даст заданд, яъне дар умеди маблағҳои бегонагон (шахсоне, ки дар зери ниқоби “ислом” боваъдаҳои пуч як қисм ҷавонони моро аз ватани осудаву соҳибистиқлоли худ берун карданд), хонаи ободи худро тарк карданд ва ба хидмати“дигарон”камар бастанд, “нафарони кӯре, ҳастанд, кидар даст чароғ дораду роҳи ғайр равшан мекунанд, аммо худ аз рӯшноии он чароғ баҳраманд шуда наметавонанд”:
Чу аъмо, ки бошад чароғаш ба каф,
Фурӯғи чароғаш фитад ҳар тараф.
Бувад равшан аз вай раҳи дигарон,
Раҳи вай аз он рашванӣ баркарон.
Ба ҳар кас раҳи ошноӣ мапӯй,
Зи ҳар ошно рӯшноӣ маҷӯй.