​Ҷовидон бод дӯстии халқҳои тоҷику кирғиз

Кишвари азизамон Тоҷикистон дар замони хеле душвор соҳиби истиқлолият гардид. Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар табоҳ буд. Миллатро хавфи маҳву нобудӣ таҳдид мекард. Алангаи ҷанги бародаркуш рӯ зада буд. Нахустин вазифаи халқи тоҷик дар ин вазъияти хеле хароб муттаҳид намудану ба созиш овардани ҷомеа буд. Дар тўлисолҳои Истиқлолият кишвари мо дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт.

Нахустин коре, ки дар давроаи истиқлоият ба анҷом расид, барқарор кардани муносибатҳои нави ҳасана бо кишварҳои ҳамсояи ба шумор меравад. Аммо мутаассифона дар сомонаҳои иттилоотӣ маълумот пайдо шудааст, кивазъият дар сарҳади кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонба таври сунъӣ хароб мегардад.Мо тоҷикон халқи фарҳангпарвар ва хирадгаро ҳастем ва барои сар задани ҷанг на ин ки мо ҳатто худи қирғизҳо манфиатдор нестанд.

Бояд қайд кард, ки байни кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон сарҳад ба масоҳати 970 километр тӯл кашидааст. Шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишвари Тоҷикистон ва ноҳияҳои Лайлак ва Баткент вилояти Баткент ҳамсарҳад мебошанд. Танҳо 519 километри онто ин ҷониббарои ҳар ду давлат муайян аст ва боқимодааш баҳсталаб мебошад. Аз ин лиҳоз байни сокинони ду кишвар дар тақсимоти замин, об ваиншоотҳо зиддиятҳопеш омада истодааст. Мо устодони факултети забонҳои хориҷӣ аз шунидани ин гуна маълумотхеле ба ташвиш омадем, зеро ки чунин амалҳо байни ду кишвари ҳамфарҳангу, ҳаммаданият набояд рух диҳад. Мо бояд, бо ҳамдигар тифоқ бошем ва дар минтақаамон сулҳу суботро пойдор намоем.

Раҷабова М.М., дотсенти

кафедраи назария ва

амалияи забонианглисӣ,

факултети забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ