Муноқиши навбатӣ байни сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон
22 июли соли 2019 тахминан соати 16:35 дақиқа дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Ворух ва Оқсой муноқишаи ҷиддӣ ба вуқӯъ омадааст. Сабаби муноқиша дар он аст, ки гузоштани парчам аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Ворух шудааст.
Азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад.
Қирғизҳо ин ҳолатро дида ба ғазаб омадаанд ва дар натиҷа сангпартоӣ карданд, инчунин аз силоҳ истифода бурданд. Дар вақти тирпарронӣ як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 буд ба ҳалокат расида, се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Инчунин, дар вақти сангпартоӣ ҳафт шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Вохӯрии сатҳи олии Сарони ду кишвари ҳамсоя дар шаҳри Исфара аз рух додани ҳодисаи мазкур шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва ба иғвогарӣ даст мезананд.
Ба ҳамаи ин ҳодисаҳои мазкур мо бояд эҳтиёт бошем, зеро халқи Тоҷикистони мо орому осуда зиндагонӣ мекунад ва мо намехоҳем, ки нооромӣ бошад.
Муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии информатика Икромова И.У.