​Наҳзат – душмани ваҳдат

Наҳзатиҳои фурӯхташудаву хоин, ки меҳвари андешаву омоли разилонаи онҳоро супориш ва маблағҳои бедардимиёни хоҷагонашон ташкил медиҳад, ҳеҷ гуна муқаддасот ва арзиш вуҷуд надорад. Ин нотавонбинон ғуломи пулу мол гардида, фақат ба роҳи фитнаву буҳтон ва иғвогиро пеша мекунанд. Ҳадафи аслии ин тангназарон гумроҳ намудани мардуми зудбовар, ҷавонони ноогоҳу бетаҷриба ва бо ин роҳ ҷалб намудани мардум ба қатлу куштор, ваҳшониёт ва беаниву субот маҳсуб меёбад. Аъзо ва пайравони ташкилоти террористӣ - экстремистии ҳизби наҳзати ислом ҳанӯз аз рӯзҳои оғози фаъолияти тахрибкоронаи хеш мунтазам барои оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон кӯшиш намуда, бо ҳар роҳу восита ва бо супориши хоҷагони хориҷии хеш бо ин мақсади разилонаи хеш ниҳоят солҳои 1992-1997 расиданд.

Ин нотавонбинон кишварро ба вартаи хоку хун кашида, мардумро ба бародаркушӣ даъват намуданд. Ин ноқобилони даҳр, ки бозичаи дасти хоҷагони хеш гардида буданд, барои таъсир расонидан ба мафкураи мардум ва бесубот кардани вазъи дохили кишвар аз хоҷагони берунаашон пулу сармоя меситонанд ва мехоҳанд ҳадафу мақсадҳои нопоки онҳоро бароварда кунанд. Барои наҳзатиёни хиёнатпеша оромиву субот, ваҳдату иттифоқ, дӯстиву рафоқат барин арзишҳои олӣ, ҳеҷ арзише надошт ва надорад. Кору рафтор ва амалкарди ин тангназарон танҳо ва танҳо дар доираи супоришҳои хоҷагони хеш амал кардану миллатро ба нестӣ ва мардумро ба парокандагӣ кашидан аст.

Кушта шудани зиёда аз 150 ҳазор мардуми осоиштаву бегуноҳ, ятим мондани беш аз 55 ҳазор кӯдакон, бесаробон мондани зиёда аз 25 ҳазор оилаҳо, гуреза шудани 1 миллион нафар мардуми саодатманди мо ва 10 миллиард доллари амрикоӣ боқӣ гузоштани зарари молиявӣ ба кишвар, ки бо дасти наҳзатиёни хиёнатпеша ба миён омад роҳи рушди давлати тозаистиқлолро то солиёни дароз қафо кашид.

Хушбахтона бо хиради азалии мардуми шарафманду сулҳхоҳи тоҷик ва ба арзаи сиёсат баҳодурона қадам ниҳодани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар аз коми наҳзатиёни заҳҳокмонанд кашида шуда, бо қабул гардидани стратегиву барномаҳои муҳими давлатӣ роҳи рушди давлатдории навини миллӣ то солиёни дароз муайяну мушаххас гардид.

Боиси хушнудист, ки таҷрибаи нодири сулҳофаринии мардуми тоҷик бо роҳбарии Пешвои одилу хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо аз ҷониби мардумони олам ба сифати таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, сокинони сайёра ба Тоҷикистони маҳбуб бо нигоҳи нек назар ва ҳамкорӣ мекунанд.

Аз ин рӯ, бадтинатони наҳзатӣ бояд дарк намоянд, ки дар Тоҷикистон барои чунин хиёнатпешагон ҷой набуда, мардуми саодатманд аз чунин ноҷавонмардон безоранд.

Фарзона Сатторова, корманди кафедраи санъати тасвирӣ ва технологияи МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ