​Рамаи буз садди роҳи шер намегардад…

Бо баробари паҳншавии хабари сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Аврупо аъзои Паймони миллии Тоҷикистон ва наҳзатиёни Аврупо аҷаб нақшаҳо мекашанд. Онҳо мехоҳанд, ки дар шаҳрҳое, ки Пешвои миллат сафар мекунанд, раҳпаймоиҳо ташкил намоянд. Ин кори ношукрона ва ноҷавонмардонаашонро онҳо кайҳо ин ҷониб идома медиҳанд, ки ҳеч пўшида нест.

Қувваҳои пасипардагии аврупоиён ҳастанд, ки ба ном «мухолифон»-и Ҳукумати Тоҷикистонро ҷонибдорӣ мекунанд ва сармоягузорӣ мекунанд. Барои ба назари он хоҷагонашон мехоҳанд, ки ин «бузичаҳои балегўяк» худашонро шер вонамуд карда, дар шаҳре, ки Президенти Тоҷикистон меравад, «бозори баоси бузона»-ашонро ташкил кунанд. Аммо бехабар аз онанд, ки буз, буз мемонаду бас.

Сафари Президенти Тоҷикистон барои ПМТ, наҳзат ва дигар созмонҳо фурсати қулай мегардад, ки аз хоҷагонашон маблаѓҳо талаб карда, эътирознамоӣ кунанд, зеро сол ба поён расида истодааст ва бояд барои харҷи маблаѓҳояшон ҳисоботи солона пешниҳод намоянд. Сафари Президент ба онҳо ба мисоли охурчаи пур аз малбаѓ аст, ки камтар маос мезананду давоми як соли дигар осуда мегарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба Аврупо рафтаниянд. Гумон мекунам, ки доираҳои тиҷоратии кишварҳои Аврупо ба эътироз ва раҳпаймоии «ба ном барпошаванда» аҳамият намедиҳанд, зеро аз акксоси сагу маоси бузонаи раҳпаймоён кисаи тоҷирон пур намешавад. Онҳо барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҷалб мегарданд ва ѓингоси магасҳои дайдуи дар аврупо ҷойшуда ҳаргиз монеаи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо нафарони дар нақшабуда нахоҳад гашт.

И.Раҳимов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ