​ТЭТ ҲНИ ва муаррифии дини муқаддаси ислом дар ҷаҳони муосир

Чунин дон, ки подшоҳиву пайғамбарӣ,

Ду гавҳар буванд, дар як ангуштарӣ.

На бе дин бувад, тахти шоҳӣ ба ҷо,

На бе тахти шоҳӣ бувад дин ба по.

Чу ин ду посбони якдигаранд,

Кӣ гўӣ дар офариниш з-як гавҳаранд.

Пайваста дар таърихи ҳаёти инсонӣ масъалаи дину диёнат дар назди шоҳу раият дар мадди аввал қарор дошт, ба он андозае, ки подшоҳиву пайғамбариро ба ҳам баробару мусовӣ шуморидаанд.

Бинобар ин ин ду гавҳари инсониро аз ҳам ҷудо пиндоштан имконнопазир аст. Чӣ падидаву ҳодисаҳои зиёдеродар ин ҷода таърихи инсонӣ паси сар намудааст.

Сабабгори асосии ҷанг дар солҳои 90-уми асри гузашта ТТЭ ҲНИ буд, ки сабаби марги 150 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар гардид. Ҳаракатҳои аъзои ТТЭ ҲНИ боиси тақсимшавии ҷомеа гардид ва бародар хуни бародарро рехт. Махсусан, бо таҳқири омӯзгору аҳли илм мавқеи илм ва олиму омӯзгорро дар ҷомеа поён овард ва ба дур мондани гурӯҳҳои муайян аз таҳсил гардид, ки дар пайи хеш садҳо мушкили дигарро ба миён овард. Пас аз имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки мебоист омилони ҷанг бахшида шаванд, ҷинояти сангини ин ҳизб зери парда монд. Дар давоми 18 сол, ки ин ҳизб дар кишвар озодона амал дошт, фаъолияти хешро на аз роҳи бароварда кардани ниёзи иҷтимоӣ ва беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии мардум, балки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз шеваи террори ақидатӣ истифода намуд. Тавассути сармоягузории хоҷагони берунии хеш фазоро пур аз ақоиди ифротӣ намуда, мағзи садҳо нафарро вайрон гардонд. Тавассути расонаҳо ҳамарӯза афкори хурофотӣ ва террористиро таблиғ намуданд. Натиҷаи ҳамин гуна террори ақидатии наҳзатиҳо сабаб гардидааст то даҳҳо нафар ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайванданд. Дар 18 соле, ки ин ҳизб дар кишвар фаъолият намуд, тамоми ҳадафаш ба террори ақидатии ҷомеа нигаронда шуда буд.

Ҳар як дину адёне, ки инсоният дар афкори худ парварид,дурдонаҳоеро дар мазмуну мундариҷаи худ нигаҳ доштааст, яъне қимати муҳимтарини афкори динӣ дар он зоҳир мегардад, ки инсонро дар ҳамаи давру замонҳо ба шукргузорӣ, парҳезгорӣ, ростиву меҳрубонӣ, бахшандагиву омурзиш ҳидоят намудааст.

Аз ҷумла дини ислом низ бо мазҳаби таҳаммулгарои хеш, тамоми аҳли башарро ба шукргузорӣ, оромию осудагӣ, бахшандагиву меҳрубонӣ пайваста даъват ба амал овардааст.

Муҳаққиқони дини ислом, дар маъхазҳо охирин суханони паёмбари дини ислом Муҳаммад (с.а.с) ро овардаанд, ки дар он паёмбар тамоми инсонҳоро ҳам акнун бо ҳам бародару баробархонда, онҳоро ба дўстиву бародарӣ даъват намудааст. Пас, мутобиқи нишондоди пайғамбари дини ислом мо ҳамагон бародари мусалмонӣ ҳастем ва байни мо душманӣ варзидан аз аъмоли солеҳ ва мусалмонӣ нест.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дини мубини ислом муносибати накў ва солеҳ дошта, хело ҷидду ҷаҳд менамоянд, то ин ки мазмун ва мундариҷаи дини исомро ба халқи шарифи тоҷик ва умуман ҷаҳониён, ки покизагиву парҳезгорӣ, меҳру муҳаббат ва амсоли он аст нишон диҳад, вале мутаасифонабархе мусалмониро ба таври дигар мепиндоранд, ба зиёдаравию ифротгароӣ расидани худро дарк наменамоянд.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар замони муосир «ифротгароӣ». «зиёдаравӣ» дар дини ислом ба шумор меравад.Поягузори мазҳаби таҳамулгароӣ Нўмон ибни Собит дар шарҳу возеҳи масъалаҳои шариати Ислом хело эҳтиёткор будааст, то ба андозае, ки 27 карат ба шаҳри Басра барои ҳалли ин ё он масъала сафар намудаанд, то ба иштибоҳе ороҳ надиҳанд. Аҳли уламо низдар ин масъала хело эҳтиёткор ҳастанд, вале имрўз масъалаҳои динӣ аз доираи диёнату инсоф баъзан берун кашида мешаванд.

Мутафаккирони халқи тоҷик аз хондани «Қуръон» тахаллуси Ҳофизу Бедил, Мавлонову Ҷомӣ – рогирифта, номи худро ба некиву накўкорӣ абадан дар ҷаҳони пуртаззоди худ гузошта тавонистанд.

Мо аз хондани «Қуръон» чӣ номе мегузошта бошем, ба олами Аврупо дини худро, ки яке аз қисматҳои муҳими фарҳанги мост, чӣ гуна муаррифӣ менамоем? Пас ҳадалимкон мухолифи каломи раббонӣ қадам нагузорем, оламу одамро муқаддас ҳисобем, аз буду нобуди зиндагӣ шикоят камтар намоем ва аз паси тазкияи нафс ва футуввати тоҷикона бошем.

Ҳайитбоева М.А.

сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии

фарҳангшиносии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ