​Хас болои обу зери дарё гавҳар аст

Ҷавонмардон дар таърихи миллати тоҷик хеле зиёд буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд. Онҳо ақлу заковат вадӯстдори халқу ватан ҳастанд. Мардум дар симои онҳо мардони ҷасуру шуҷоъро мебинанд.

Нафароне, ки имрӯз аз хориҷи мамлакат истода нисбати сиёсати кунунии давлату ҳукумат суханҳои носазо мезанд, маҳз ана ҳамонҳо ноҷавонмард ҳастанд. Чунин афрод худро “ватандӯст”, “мухолифи режим” ва дигар номҳои болохонадор унвон медиҳанду лек барои ин миллат ва ин давлат заррае ҳам фоида нарасонида, балки зиёну зарар мерасонанд ва “ноҷавонмарди”-и худро ошкор месозанд. Айни замон роҳбари “гуруҳи ноҷавонмардон”-ро Муҳиддин Кабирӣ адои вазифа намуда, рӯз аз рӯз кушиш ба харҷ медиҳад, сафи аъзоёни худро зиёд намояд. Ҳар нафаре, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ баромаду суханрониҳои ин турфа “ватандӯстон”-ро тамошо кунад хуб мефаҳмад. Гапи рост куҷо асту гапи дуруғ куҷо.

Ин дурӯягӣ аз куҷо бошад? Даҳҳо оятҳои Қуръони карим, ки дар ҳаққи шахсоне, ки зоҳирашон хилофи ботинашон, он чӣ дар дилашон нест, бо забон мегӯянду онро рӯи коғаз меоранд ва ошкоро мегӯянду хилофи онро дар дил пинҳон медоранд. Амалҳояш боз як бори дигар ӯро ошкор кард, парда аз рӯяш афтид. Оё ин афрод метавонад дар сафи ҷавонмардони ҳақиқӣ истад? Оё ин гуна афроде, ки дар куҷое зиндагӣ дорад бо ин хислати пасти худ, нафаре онро тарафдор бошад?

Имрӯзҳо дар Аврупо чунин афрод зиндагонӣ доранду бо баъзе ташкилотҳое, ки нисбат ба Тоҷикистон ва миллати тоҷик ниятҳои муғризона доранд, хидмат мекунанд. Онон медонанд, ки агар муросо накунанд, хилофи ақидаи худ изҳори ақидаи аврупоиҳо набошад, аз ҷои зист ва зиндагӣ маҳрум мешавад, барои ҳамин ин гуна афрод мисли рӯбоҳи фиребгаранд. Чунончӣ бузурге дар ин маврид гуфтааст:

Нокасе гар аз касе боло нишинад бок нест,

Чунки хас болои обу зери дарё гавҳар аст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ