​Ҳамовозии ҷомеаи факултети математика ба иқдоми маорифчиёни ВМКБ

Ҷомеаи факултети математикаи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» пешниҳоди маорифчиёни ВМКБ –ро сад дар сад дастгирӣ менамояд. Ин иқдоми нек аст. Суруди миллӣ низ яке аз арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар миллат фақат бо арзишҳои миллии худ дар арсаи байнмиллалӣ муаррифӣ мешавад. Вақте шахс Суруди миллиро мехонад, дар ў як эҳсосоти хуби хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ пайдо мешавад.

Суруди миллӣ баёнгари орзуву ормонҳои муқаддасу муътабари зиёда аз ҳазорсолаи халқу миллати тоҷик аст. Ин суруди муқаддас халқу миллати тоҷик ва мардуми шарифи Тоҷикистонро водор месозад, ки орзуву ниятҳои ҷовидонаи гузаштагони бузурги хешро бо мисраъҳои олии шоир боз ҳам зиндаву ҷовид гардонанд. На ҳамаи миллатҳо соҳибистиқлол ҳастанду Суруди миллии худро доранд. Мо бо ин метавонем, аз кудакӣ дардили ҳар шаҳрвандамон ҳисси миллӣ, ифтихори миллӣ, ватандўстӣ, таърихи қадим доштани миллатамонро бедор намоем.

Шоири Халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар ҳақиқат шоири асил, тавоно ва миллатдӯсту ваҳдатсарои халқи тоҷик аст. Мисраъҳои ноби ин шеъри олӣ дар ҳар гӯшаву канори дунё садо дода ва аз ҳуввияту истиқлолияти Тоҷикистон дарак медиҳад. Дар давоми ҳазорсолаҳо халқу миллати барӯманди тоҷик забону фарҳанги миллӣ, ғояҳои ахлоқии суннатии хешро ҳифз намуда, беш аз беш устувору қавӣ гардонидааст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ