​Изҳороти омӯзгорони факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ

Зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бар меорад.

Экстремизм изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ буда, ба даъвати нооромӣ, дигаргункунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ равона гардидааст.

Имрӯз шаҳрвандоне, ки ба сафи равия, ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ, ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоинони ватан ва миллат маҳсуб меёбанд.

Мутаассифона имрӯз ашхоси бадтинат дар ҷомеа мавҷуданд ва эшон бо андешаи носолими худ байни мардум тухми ҷангу бадбинӣ мекоранд, ки аз меваи он коми инсонҳои бегуноҳ талху заъф пайдо мекунад.

Ҳар як андешаи носолими эшон мутаассифона зиндагии ороми халқро ноором мекунад. Аз ҳар воқеае, ки ба тасодуф рух медиҳадҳангомае барпо мекунанд.Масъалае, ки имрӯз ба ин мардуми айбҷӯйу тундгар дастак шуда, мехоҳанд тавассути он вазъи ҷомеаро ноором намоянд, ин зимни интиқол аз маҳбасхонаи Хуҷанд заҳролудшавии маҳбусон мебошад. Андешаҳои ашхоси зиёд имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезананд. Ақидаҳо гуногун, вобаста ба назару нигоҳи эшон аст. Ин ҷо фақат мо бояд як нуктаро зикр кунем, ки имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон ашхоси зиёде мефавтанд. Маълум аст, ки замоне умри инсон қатъ мешавад, ки дигар ризқу рӯзии ӯ аз замин канда шавад. Аз ин рӯ, аз ин воқеа ҳангома сохтан нашояд. Мо бояд ба нерӯҳои қудратии худ бовар дошта бошем ва имкон диҳем, ки онҳо масъаларо дуруст ва аз рӯи адаолат баррасӣ намоянд.

Ҳар як инсони бофарҳанг ва огоҳу озод бояд шахсан дар мубориза бо чунин ашхоси бадниҳод саҳм бигирад ва ба ин муборизаи тамаддун алайҳи ҷаҳл ҳамроҳ шавад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ