Маҳфили «Адолат ва ҳуқуқ»
Дар факултети таърих ва ҳуқуқи МДТ “Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маҳфили илмӣ-амалӣ «Адолат ва ҳуқуқ» дар мавзӯи “Терроризм ва роҳҳои пешгирии он” баргузор гардид.
Декани факултети таърих ва ҳуқуқ, номзади илмҳои таърих дотсент Иброҳим Ҷабборов баромад намуда, доир ба масоили шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстеримистӣ ва роҳҳои пешгирии он ибрози назар намуд.
Сипас, донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ дар доираи омил ва ангезиши асосии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстеремистӣ байни ҳам мубодилаи афкор намуданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки маҳфили илмӣ-амалӣ «Адолат ва ҳуқуқ» баҳри ташаккулёбии шахсият ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён кӯмак расонида, ҷиҳати омӯзиши фанҳои таълимӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ замимаи мусоид фароҳам меорад.
Маркази иттилоот ва таҳлил