Оғози фаъолияти маҳфили маърифативу ахлоқӣ
Ба хотири эҳтиром ва гиромидошти шахсияти бонувон, дар факултети забонҳои Шарқ маҳфили маърифативу ахлоқии “Гулоро” ба фаъолият шурӯъ намуд.
Гулорохон Тӯраева, омӯзгори кафедраи забони ангилисӣ дар мавзӯи “Аз таърихи мафҳуми зебогӣ” баромад намуда, доир ба пайдоиши ороишоти рӯю мӯй ва ивазшавии меъёрҳои умумии дарки зебоӣ маълумоти муфассал ироа кард.
Дар идома, озмуни «Бонуи факултети забонҳои шарқ» гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯдухтарон аз рӯйи шартҳои либоси миллӣ, маҳорати кадбонугӣ ва муаррифии ҳунарҳои дастӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Ҳайати доварон маҳорати иштирокчиёнро баланд арзёбӣ ва донишҷӯи бахши аввали ихтисоси хитоӣ-англисӣ Парвина Умматоваро ғолиби озмуни «Бонуи факултети забонҳои шарқ» эълон доштанд.
Маврид ба таъкид аст, ки маҳфили мазкур бахшида басолҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» роҳандозӣ гашта, дар назар аст моҳе як маротиба баргузор гардад.
Маркази иттилоот ва таҳлил