Изҳороти омузгорони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа
Илҳомҷон Ёқубов, Шумораиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, дар яке аз номаҳои худ ба унвони Ҳукумати Тоҷикистон, зимни маҳкум кардани Қарори афзоиши дубаробараи нархи хадамоти интернет дар кишварро ҳамчун хиёнат ба мардум ва миллати тоҷик ва хондани он, шуморида,аз ҳукумат даъво ба амал овардани онро доред, кигӯё халқ бояд тарафдори Шумо шуда, бар зиддиҚарордоди ҳукумат барояд, гӯё аз тарафиҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қарор аллакай дастгирӣ гардида, ҳукуматиҷумҳурӣ ба он ҳамрадиф бошад.
Дар Моддаи 6 СарқонуниҶумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ ин раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд. Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳуқуқ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд. Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст. Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.
Аз ин сабаб Шумо ҳуқуқ надоред зимни фикрронии худ ақидаатонро аз номиоммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, сухан ронед.