​ҲУШЁРИИ СИЁСИРО НАБОЯД АЗ ДАСТ ДОД!

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон ашхос ё гурӯҳҳои мухолифине ҳастанд, ки ба тинҷиву оромӣ ва истиқлолияти давлатии хеш шукрона накарда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ мехоҳанд, аминияти ватани хешро халалдор кунанд.

Тӯли солҳои охир дар ҷумҳурии мо низ ингуна шахсон пайдо шуда, барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ мехоҳанд амнияти давлатиро халалдор кунанд.

Аз як ҷиҳат равандҳои бузурги геополитикӣ мамлкати кӯчаки моро низ дар канор монда наметавонад. Сентябри соли гузашта як гурӯҳи муайян хостанд дар Тоҷикистон низ ҷанг сар занад ва бо роҳбарии бевоситаи размандаи Иттиҳоди нерӯъҳои мухолифини тоҷик, собиқ вазири мудофиаи мамлакат генерал – майор Ҳоҷи Ҳалим Назарзода ба табаддулоти давлатӣ даст заданд, вале ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Мувофиқи маълумоти расмии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар сари ин ҳама амалҳои нопок Раиси ҲНИ М. Кабирӣ меистод. ҲНИ аз замони таъсисаш бароибунёди ҷомеаи исломӣ ба монанди Афғонистону Сурия ва Ироқ кӯшиш кард. Аммо тири онҳо хок хӯрд. Ба мақсади нопоки худ нарасиданд, ин бори дигар моро ба зиракиву ҳушёрӣ водор месозад. Вобаста ба масълаи чунин нохалафон фақеҳи машҳури дини ислом Имом Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ дар асари худ «Кимиёи саодат» чунин ишора намудааст: «Аммо ин ибоҳатиён (Ибоҳатиён – касоне, ки худро муқайяд ба қуюду вазоифи шариат намедонанд ва тақайюд ба аҳкоми шариатро барои аҳли ҳақиқат лозим намешуморанд) ва ин мутаввақони беҳосил, ки дар ин рӯзгор падид омадаанд ва ҳаргиз худ ин ҳол эшонро набудааст, валокин иборате чанд музайяф[1] аз томоти (Томот – бало, доҳия. Дар истилоҳи сӯфиён маорифе, ки дар оғози сулук бар забони солик равад) сӯфиён бигирифтаанд ва шуғли эшон он бошад, ки хештанро ҳама рӯз мешӯянд ва ба фӯтаю мураққаъу саҷҷода меороянд ва он гаҳ илму уламоро мазаммат мекунанд. Эшон куштанианд ва шаётини халқанд ва душмани Худою Расуланд, ки Худою Расул илмрову уламоро мадҳ гуфтаанд ва ҳамаи оламро ба илм даъват кардаанд. Ин мудбири мутаввақ, чун соҳибҳолате набошад ва илм низ ҳосил накарда бошад, вайро он сухан кай раво бувад?» (Имом Муҳаммади Ғаззолӣ. Кимиёи саодат. Ҷ.1. саҳ. 118-119.)

Яъне Ғаззолӣ дар асари худ баъзе аз чунин шахсонро, ки динро ҳачун ниқоб истифода бурда, худро бо тақвою боимон вонамуд намуда, мехоҳанд мақсадҳои носози худро амалӣ кунанд, қайд намудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки ислом ва фарҳанги исломӣ дар тӯли чандин садсола пойдевори ҳаёти маънавии халқи тоҷик буда, ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз сиёсат то муносибатҳои маишӣ-оилавӣ ворид гардидааст, аз ин рӯ, дин ва ташкилоти динӣ дар системаи ҳаёти сиёсии ҷамъият мавқеи махсусро доранд. Аммо фаҳмонидани ин масъала, кори аз ҳама муҳим аст.

Хулоса, замоне фаро расидааст, ки мо ҷавононро аз раҳгумзанӣ ва ҳамроҳшавӣ ба сухани чунин шахс ё гурӯҳҳои нохалаф боздорем. Онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ тарбия намоем.

Шарипов М.М., омӯзгори кафедраи таърихиВатан ва археология



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ