​Амнияти инсон – омӯхтани илму ҳунар

Барои инкишофу рушди ҳар маҷуди зинда шароити зарурӣ лозим аст ва инсон низ ҳамчуннавъи олии маҷудот аз ин қоида истисно нест. Ҳанӯз аз замонҳои қадим инсоният барои худашро аз хатарҳои гуногуни табиат, ҳамлаи ҷонварон ва монанди инҳо ҳимоя кардан чораҳо меҷуст ва дар тӯли таърихи чандинсола таҷриба ба даст овард.

Баробари ба зинаи баланди тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ расидани инсоният масъалаҳои амнияти озуқаворӣ, амнияти иқтисодӣ, амнияти илмӣ ва монанди инҳо арзи ҳастӣ намуданд.

Дар давраи кунунӣ таъмини маишат ва зиндагии шоиста риояи қоидаҳои муайяни амниятиро талаб мекунад. Дар замони имрӯза кас наметавонад, ки бидуни донишу ҳунар амнияти иқтисодию иҷтимоии худашро таъмин намояд (1, с. 3 – 18).

Масъалаи омӯхтани илму ҳунар дар осори классикони адабиёти форсу тоҷик, дар асарҳои панду ахлоқӣ ва монанди инҳо фаровон тазаккур гаштааст.

Дар асари «Матлаъ-ул-улум ва маҷмаъ-ул-фунун»-и Воҷидалии Муҷмалӣ ба масъалаи таъмини амнияти иқтисодию иҷтимоии инсон аҳамияти калон дода шудааст. Муаллиф доир ба асрори 95 ҳунари замонаш маълумот дода, ба хонандааш хушиҳо ва бадиҳои касбу ҳунарҳоро возеҳ мегардонад. Дар охирин фасли китоб бошад, Воҷидалии Муҷмалӣ таъкид мекунад, ки машғул шудан ба чанд кор боиси бадномии инсон ва коста гардидани шаъну эътибораш мегардад, ки инҳоянд: дуздӣ, қиморбозӣ, ливотат ва зинокорӣ. Ин кору касбҳо ба таври куллӣ дар асар мазаммат гаштаанд ва дигаргун карда гӯем, сабати таъмини амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоии инсон шуда наметавонанд.

Аз 95 ҳунаре, ки омӯхтани онро Воҷидалии Муҷмалӣ (муаллифи асри XIX) таъкид намудааст, баъзеяшон имрӯз аҳамияташонро гум кардаанд, вале ҳунарҳое низ ҳастанд, ки то кунун онҳо дар ҷомеа истифода мегарданд.

Воҷидалии Муҷмалӣ ба хонандагонаш таъкид мекунад, ки барои ҳифзи обрӯ ва мақому манзалати инсон даст доштан ба амалҳо ва ё ҳунарҳои бад ба монанди қиморбозӣ, дуздӣ, зинокорӣ, қатлабонӣ (ҳаромкорӣ) оқибати нек надорад. Вай пеш аз зикри ин ҳунарҳо шарҳ медиҳад: «аднотарин фунун ва ҳасинтарин шеваҳо аст, ки ҷумҳури уламои милал ва ниҳал онро мақбӯҳу маъюб доштаанд» (2, с. 543-544). Яъне ин ҳунарҳоро тамоми динҳо маҳкум кардаанд ва олимони ҳар миллат онҳоро накӯҳиш кардаанд. Воҷидалии Муҷмалӣ инро дар қисмати охиртарини китобаш зикр кардааст. Аз нуқтаи назари имрӯз ҳам дуздӣ, қиморбозӣ, ҳаромкорӣ корҳое мебошанд, ки ба амнияти инсон зараровар ҳастанд ва касе, ки ба он машғул мешавад, сазовори ҷазо мегардад.

Дар масъалаи таъмини амнияти давлат дар асрҳои миёна ва дар замони Воҷидалии Муҷмалӣ низ ба аҳли разму пайкор аҳамияти махсус зоҳир мекарданд. Аз ҷумла, дар китоби «Матлаъ-ул-улум ва маҷмаъ-ул-фунун» фасле аст, ки «Дар фанни арбоби разм ва аҳли майдон» ном дорад. Дар ин фасл ӯ ба хонандааш таълим медиҳад, ки сарбозу афсар пеш аз ҳама шуҷоъ бояд бошанд. «Шуҷоат беҳтарин сифоти инсонӣ аст ва Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло марди шуҷоъро дӯст медорад» - навиштааст ӯ (2, с. 421).

Дар замони Воҷидалии Муҷмалӣ дар баробари аслиҳаҳои расмӣ ба монанди шамшер, найза, гурз, ханҷар, камон, фалохун мавҷуд буданд, аммо ӯ дар баробари ин тавсия медиҳад, ки аз туфангҳои фарангӣ ҳам бояд ҷавонон истифода бурда тавонанд. Баъдан ботафсил намудҳои туфанг ва тарзи кор кардан бо онҳоро ба хонандагонаш ёд медиҳад. Ба андешаи ӯ бо машқи чиҳилрӯза ҷавон метавонад, ки туфангандози хуб гардад: «ҳунари туфангандозӣ ба нисбати тирандозӣ бисёр осонтар аст ва коре, ки аз тир барояд аз туфанг низ баробари он, балки беҳтар аз он ҳосил ояд ва устодони комил гӯянд, ки агар чиҳил рӯз машқи туфангандозӣ кунанд, ломаҳола нишона бехато зананд» (2, с. 422).

Аз иқтибоси фавқ ба назар мерасад, ки барои омӯхтани тирандозӣ, ки санъати лозима аст, чиҳил рӯз фурсат лозим аст. Дар баробари ин муаллиф таъкид мекунад, ки ин машқ бо устоди мукаммал бояд амалӣ гардад.

Баъди ин тарзи чӣ тавр истифода бурдани туфанги фарангиро шарҳ медиҳаду таъкид мекунад, ки ҳар марди ҳушманд бояд ин ҳунарро омӯзад, «то дар вақти зарурат аз дасти душман наҷот ёбад».

Аслан, Воҷидалии Муҷмалӣ, ки бо мақсади таҳияи китоби дарсӣ барои мубтадиони мактабҳо китобашро навишта буд, чунин роҳи таълими ҳунарҳоро пеш гирифтааст. Дар ибтидо аз фазилати он ҳунарҳо аз нуқтаи назари шариат истода мегузарад ва баъдан дар бораи он ҳунар ва қоидаҳои асосияш истода мегузарад. Агар ба таври дигар баён кунем, дар қимати назария ҳусну қубҳи ҳунари мавриди назарашро баён мекунад ва баъд аз он дар қисмати амалӣ онро ҳамчун дастурамали касб қисм ба қисм шарҳу тавзеҳ медиҳад.

Фасле, ки дар боло аз он ёд кардем, доир ба санъати ҳарбӣ аст. Азбаски китоби номбурда барои хонандагони мактабҳо таълиф гашта буд, ҳамин фаслро нахустин китоби дабистонии омодагии дифоии ҳарбӣ номидан мумкин аст.

Яке аз маслиҳат ва дастури Муҷмалӣ ба афсарон равона карда шудааст ва ӯ таъкид мекунад, ки сардор ба тобеон ва заифон зулмро раво набинад. Ин қоидаи маъмулии сипоҳдорӣ ба шумор меравад.

Роҳи дигаре, ки Воҷидалӣ дар таълими сипоҳиён истифода кардааст, шарҳи истилоҳи устодони комил мебошад. Яъне истилоҳҳо, амрҳои маъмулиро бояд дар давраи мактабхонӣ хонандагон бояд донанд.

Баъзе қисматҳои фасли мавриди назари мо ба замони кунунӣ рост намеоянд, зеро марбут ба истифодаи силоҳҳои замон аст, аммо назарияи умумии ӯро имрӯзҳо дар тарбияи сарбозони ҷавон дар қисмҳои низомӣ истифода кардан мумкин аст. Ба хусус қимсатҳои марбут ба шуҷоату мардонагӣ дар майдони ҷанг дастури хуби тарбиявӣ буда метавонад.

Масъалаи таъмини амнияти шахсӣ бо аз худ кардани маҳорату малакаи ҳарбӣ, донистани қоидаҳои варзишӣ ва амсоли инҳо дар маркази таваҷҷуҳи Воҷидалӣ қарор гирифтааст.

Воҷидалии Муҷмалӣ ҳар ҳунари дар замонаш маъруфро бо қоидаҳояш шарҳ додааст. Инро агар ба таври маҷмӯӣ тавзеҳ диҳем, аз нуқтаи назари Воҷидалӣ ҳунаромӯзӣ яке аз роҳҳои таъмини амнияти иқтисодии инсон аст.

Адабиёт:

  • Щерба Н. Безопастность человека – безопастность общества. – СПб, 1994. – 110 с.
  • Воҷидалии Муҷмалӣ. Матлаъ-ул-улум ва маҷмаъ-ул-фунун. – Калкатта: Нувал Кишур, 1885.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ