Изҳорот: Мақсадҳои номатлуб ҳеҷ гоҳ бо роҳи рост намебарад!!!
Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Аз ин маъноҳо маълум мегардад, ки худи калимаи экстремизимкалимаест, ки барои зиндагии сулҳу субот ва озодии инсоният роҳҳои хатарнок месозад. Шахс ҳар кори, ки ба аҳли мардум барои зиндагониаш муаммоҳои, ки зараровармесозаддар охир ҳисоби онро медиҳад.Дар ҷаҳон ягон нафар нест, ки корҳои бадро иҷро намуда фақат хушбахту фаровона зиндаги намояд. Ҳамаи амалҳое, ки иимрӯзу фардо иҷро менамоем бе ҷавоб намемонад.
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст
Дар аксари мавридҳо онҳо мекӯшанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Онҳо, чи тавре ки дар аввали сӯҳбат ишора рафт, ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷӯю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷӯ муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зӯрӣ бор кардан мехоҳанд.
Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурӯягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст.
Устодони кафедраи Информатика ва МҲ