​Изҳорот: Мусулмон он касест, ки он чиро ба худ раво намебинад, ба дигарон низ бояд раво набинад.

Аксари ҳизбҳои ифротгаро зери ниқоби мусулмонӣ ҷавононро ба худ ҷалб намуда бо ёрии хоҷагони хориҷии худ онҳоро бо гумроҳ карда ба мамлакати Сурия мефиристанд. Сарварони ин ҳизбҳо фикре намекунанд, ки бо ин кирдори худ садҳо кӯдаконро бепадар мегардонанд. Барои чӣ ин сарварон дар ин ҳолатҳо барои фоидаи ночизе ба даст овардан гуфтори «Муъмин бародари муъмин» - ро аз хотир мебароранду худро мусулмони асил меҳисобанд?

Мутаасифона бояд таъкид намуд, ки имрӯз, тамоми ҷидду ҷаҳди садоратиҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъшуда – ифротгаро барои сиёҳ кардани сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Онҳо бо ҳар баҳона мехоҳанд, мамлакати соҳибистиқлоли моро дар арсаи байналмиллал паст зананд. Аммо хушбахтона наздик дусад мамлакати дунё аз созандагиву ободкории Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бохабар ҳастанд ва дар арсаи байналмиллал кишвари мо соҳиби обруву эътибори баланд гардидааст.

Мо боварии комил дорем, ки ин ҳизбҳои ифротгаро аз гул-гул шукуфоии Тоҷикистони азизамон бохабар ҳастанд, вале худро ба нодони мезананд. Мумкин аст, онҳо ин пешравии мардуми моро наҳоҳанд.

Мо аз онҳо даъват ба амал меорем, ки ба ободкориву созандагӣ, зиндагии осоиштаи мардуми тоҷику тоҷикистониён халал нарасонед. Мардуми тоҷику тоҷикистониён ба ояндаи худ боварии комил дошта, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдори карда Ватани худро боз ҳам зебову обод мекунанд.

Устодони математикаи олӣ ва амалӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ