Иншои беҳтарин: “Ватан, бо ту ифтихор дорам”
Дар кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи “Ватан, бо ту ифтихор дорам” барпо шуд.
Озмун дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гашта, донишҷӯён оид ба мавзеъҳои сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги зиндагии мардуми деҳотнишин фикру мулоҳизаҳояшонро иншо намуданд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон ғолибон муайян ва бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил