​Барои дини мубини Ислом иснод овардан орият кунед!

Чӣ тавре, ки ба мо маълум аст ҳоло дар замони муосир падидаҳои нави ҷамъиятие ба майдон омадаанд, ки мақсаду мароми онҳо азнавтақсимкунии ҷаҳони муосир аст. Пулҳои бедардимиён ва камшуурии ин падидаҳо дар ҷаҳон инро исбот карда истодааст. Ин падидаҳо худ намедонанд, киаз ӯҳдаи тақсимоти ҷаҳон мебаромада бошанд? Ҷавоби ин саволро онҳо умуман фикр намекунанд. Онҳо худ дарк намекунанд, ки барои ба чунин замони пуриқтидори тамоми сайёра гардидан чӣ қадар ҷонҳои мардуми бегуноҳ қурбон гардидааст. Онҳо, яъне шахсони хоҳиши азнавтақсимкунандагони ҷаҳон дошта медонанд, ки аз ӯҳдаи ин кор намебароянд ва азбаски дигар пешае надоранду ошкор гардидани гуноҳҳояшонро намехоҳанд ва дар кӯчаи сарбастаанд, бо номи падидаҳои нави зидди ҷамъиятӣ амал намуда истода ҷаҳони муосирро доғдор карда истодаанд.

Он роҳгумзадагон аз кӯчаҳои сарбаста баромада натавониста аз номи дини мубини Ислом падидаҳои номатлуби замони муосир ташкил намуда ба терроризм ва экстремизм даст зада истодаанд. Онҳои камшуур аз натиҷаҳои бӯҳрони иқтисодӣ лаззат бурда истода, оқибатҳои ҳузнангези онро барои ояндаи инсоният дарк намекунанд ва дарк кунанд ҳам аз ин кирдорҳои дар ҷамъият ҷорӣ намуда истодаашон даст намекашанд. Зеро онҳо бешууранд!

Онҳо дигар роҳҳои вайронкунии ҷамъияти муосирро ёфта натавониста аз шахсони мафкураашон паст, ки ба мафҳуми дину диёнати худ сарфаҳм намераванд, чун силоҳи вайронкуниву вайронкорӣ дар ҷамъият истифода мебаранд. Хусусиятҳои динии ғайрисуннатӣ доштаро аз номи дини мубини ислом ба мисли“Салафия”, “Ҳаракати Исломии Туркистон”, “Толибон”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ” ва амсоли инҳо ташкил намуда, амалҳои ҷорӣ намудаву дар амал татбиқ мекардаи худро худашон намедонанд ва танҳо медонанд, ки амалҳои нопоки онҳо ба пули медодаи хоҷагони кундзеҳнашон вобастагӣ дорад.Онҳо дар як қатор давлатҳои ҷаҳон тазоҳуротҳои сиёсиро барпо менамоянд ва бо ин қаноат накарда мақсад доранд, ки дар давлати ҳуқуқбунёди мо Тоҷикистони Соҳибистиқлол чунин нобасомониҳоро ба вуҷуд оранд. Вале халқи тоҷик зери роҳбаладии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадам гузошта намемонад, ки ин дилсиёҳони ба мафҳуми ҳизбҳои худ ташкилнамудаашон фаҳму фаросоташон намерасида роҳ диҳанд, зеро намаки шӯри он воқеотҳои барпонамудаи онҳоро дар солҳои 90-уми қарни гузашта чашидаанд ва ҳоло шаҳди ширини Истиқлолияти мамлакатамонро ба дастовардҳои миллати тоҷик бо арзишҳои шумориданашаванда иваз намекунанд.

М.М.Саидов, мудири кафедраи забони олмонӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ