Факултети физикаю техника: «Як шаба ранче, ки модар кашид»
Бахшида ба Рўзи модарон дар факултети физикаю техникаи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» таҳти унвони «Як шаба ранче, ки модар кашид», чорабинии идона доир гардид.
Дар он декани факултет, дотсент Муъмин Шамсиддинов сиёсатмадори шинохта – мураббии наслҳо Биҳоҷал Раҳимова ва дигарон сухан ронда, доир ба арҷгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Зан-Модар ва мавқеи занон дар ҷомеа андешаҳояшонро баён намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи донишҷўён шеъру суруд дар васфи Модар, Ватан қироат гардид.
Гуфта шуд, ки мақсад аз баргузории чорибинии мазкур арҷгузорӣ ба рисолати Зан-Модар ва тарғибу ташвиқи хислатҳои ҳамидаи модарони тоҷик дар ҷамъият, хусусан, байни ҷавонон мебошад.
Маркази иттилоот ва таҳлил