Хиёнаткори давлат
Имрӯзҳо кишвари азизамон бисёр пешрафт дорад, ободии ватан дар дасти миллати тоҷик аст. Боиси хурсандист, ки тайи чанд соли охир соҳаи иқтисодиёт ва илми Тоҷикистон ба дигаргунии куллӣ рӯ ба рӯ шуда, дар ин замина ба дастовардҳо ноил гардид.
Сиёсати пешгирифта ва оқилонаю дурбинонаи Пешвои маҳбуби мо буд, ки имрӯзҳо дар кишвар нерӯгоҳҳои хурду бузург сохта шуданду ҷумҳурии мо ба истиқлолияти энергетикӣ ноил шуда истодааст. Ё ифтитоҳ, таъмир ва бунёди садҳо нақбу роҳҳо буд, ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт. Аммо аз тарафи бархе аз нафарон, ношукрии ин ободӣ, сулҳу салоҳи миллӣ ба назар мерасад. Бисёриҳо мехостанд, ки халқи тоҷикро сиёҳ кунанд, лекин бо ҷонбозиҳои ҷаноби олӣ, пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин корҳои номатлуб бартараф карда шуд.
Нисбати соли 1992 айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон гаштааст. Буданд нафароне, ки муқобилӣ мекарданд, ба давлату ватани хеш хиёнат карда баромада рафтанд. Ободии ватанро дида ба сомонаҳои интернетӣ бисёр суханҳои бардурӯғро нисбати миллати тоҷик изҳор мекунанд. Яке аз ин одамон Мирзои Салимпур аст, ки ба давлат хиёнат карда, боз аз хориҷа истода суханҳои бардурӯғ мегӯяд.
Худ як рӯзноманигори давлат буда, локин нисбати ватани хеш, нисбати ин оромӣ, ин сулҳу салоҳ ношукри мекунад ва боз ба ихтилоф меандозад. Халқи тоҷик бисёр рӯзҳои вазнинро аз сар гузаронд. Аз ин нафаре, ки ба давлати худ хиёнат кардааст, ҳатто устодаш ва бародараш низ оқ кардаанд.
Дар баробари ин ки бародари ҳамхунаш ӯро оқ кард, мо аз ӯ дигар чизи хубро интизор шуда наметавонем. Мо медонем, ки Мирзои Салимпур як нафаре ҳаст, ки дигар чунин мафҳумҳои хешутаборӣ ва ҳамхуниву ҳамватанӣ бегона аст. Гарчанде, ки ин нафарон суханҳои бардро нисбати ватани маҳбубамон ва Пешвои миллатамон мегӯянд.
Халқи тоҷик ба ин гуфтаҳои бардурӯғ бовар намекунад. Ҷавонони имрӯзаи тоҷик хеле хуб дарк карданд, ки Пешвои муаззами миллат барои давлат чӣ ҷонбозиҳо кардаанд. Ва ҷавонон ба пешравии миллат ва ободии ватан кӯшиш мекунанд. Ва ба ҳаргуна суханҳои бардурӯғ бовар надоранд. Ва хоҳони он ҳам нестем, ки ҳар ватанфурӯше берун аз Ватан худро аз «шахсиятҳои шинохтаи тоҷик» муаррифӣ кунаду баҳри дастгирии ояндаи «рӯзгори пурсаодат»-и ин миллат берун аз марзи Тоҷикистон анҷумане бо номи «озодандешони тоҷик» ороста кунад ва дар хусуси тақдири ояндаи ин миллат дар анҷумане ҳарф занад.
Чи хеле бузургон гуфтаанд:
Ҳазорон корвон рафтанду дав-дав
Ҳанӯзам ин сагон доранд ав-ав
Мо, ҷавонони даврони истиқлолият, дигар ба он найрангҳои Шумо бовар накарда, шукрона аз ободии кишвар менамоем. Чунки ин ҳама комёбиҳо осон ба даст наомадааст.
Устодон ва кормандони кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ