​Бузургдошти Вилям Шекспир

Бо ташаббуси устодони кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ бахшида ба 455–солагии намояндаи бузургтарини давраи Эҳёи адабиёти Англия – Вилям Шекспир ва 20–солагии факултети забонҳои шарқ ҳафтаи забони англисӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар давоми ҳафта “Discussion Club (клуби мубоҳиса)”, “Brain ring (Озмуни заковатсанҷ)”, маҳфили илмии “Дурахши афкори Фаранг”, маҳфили бонувони факултет таҳти унвони “Маҳфили гулоро”, викторина ва бозиҳои шавқовар бо ҷалби устодону донишҷӯён ҷараён гирифт.

Донишҷӯёни курси якуми ихтисосҳои хитоӣ–англисӣ барномаи адабӣ–фарҳангӣ омода намуда, маҳорату истеъдоди худро дар ташкилотчигӣ, забондонӣ, рақсу суруд ва нақшофаринӣ нишон доданд.

Дар фарҷом, ғолибони озмунҳо ва иштирокдорони фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ