Хаёлпарастии Муҳаммадиқбол
Дирӯз дар иртибот ба мусоҳибаи вазири умури хориҷаи Руссия Сергей Лавров, ки дар ҳафтавори “Коммерсант” чоп шуда буд, як нафар аз наҳзатиёни мутаассибе бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки феълан дар хориҷ аз кишвар ба сар бурда, пойгоҳи хабарию таҳлилии наҳзатиеро танзим мекунад, тахайюлоту иллюзаҳои худро бо номи таассурот ва “пешбиниҳои хирадмандона”-и хеш ироа ва интишор додааст. Ин “таҳлилгар”-у “оянданигар”-и булъаҷаб бо тафсири як-ду ҷумлаи дар ҳузури рӯзноманигорон изҳордоштаи вазири умури хориҷаи Руссия С. Лавров дар асоси хаёлоти рангини худ он қадар ҳарзаву чарандиёту музахрафот гуфта ва ба ин васила сояи ТЭТ ҲНИ-ро дар девори сиёсат бузург намудор кардааст, ки ҳар касе он навиштаи ӯро мехонад, бидуни шак гумон мекунад, ки муаллифи ин мақолаи “таҳлилӣ” аслан ӯ ягон мазҳаканавис аст, ё гирифтори бемории молихулиёст.
Муҳаммадиқболи Садриддин суханҳои Сергей Лавровро мутобиқи фаҳм ва аҳдофу манофеи гурӯҳии хеш таъвилу тафсир карда ба чунин хулоса меояд, ки вазири корҳои хориҷаи Руссия ҳизби наҳзатро ҳамчун як нерӯи муқтадири сиёсии Тоҷикистон ва ҳатто минтақа эътироф карда, дар ин замина ҳалли масоили сиёсиро дар ин қаламрав бидуни иштироки он тасаввур намекунад. Баъд аз тавзеҳоти зиёд дар ин бора шояд Муҳаммадиқболи Садриддин худ ба ин музахрафоти изҳоркардаи хеш дар бораи бузургӣ ва тавонмандии ҳизби наҳзат бовар кардааст, ки ба таҳдиди давлати Руссия гузашта, изҳор медорад, ки ФР маҷбур аст, ки ҳизби наҳзатро эътироф кунад, аз ин рӯ ночор ба ин натиҷа расидааст, ки ҳатман бояд барои дигарбора ба Тоҷикистон баргардонидани ТЭТ ҲНИ мусоидат намояд ва дар ин амр ба қавли ин коршиноси хаёлӣ ”Русия диранг ва таъхир карданӣ нест, чун ба як балое меафтад, ки пизишкони номӣ ҳам дар амри табобати вай оҷиз хоҳанд монд.
Бубинед, ки наҳзатиёни ифротгаро то чӣ ҳадде ба марази бузургманишӣ гирифтор шудаанд, ки дигар ҳизби худро як нерӯи муқтадире дар сатҳи байналмилалӣ тасаввур мекунанд, ки аз он ҳатто қудратҳои ҷаҳонӣ ҳам ҳарос доранд ва бинобар ин ночор хостаҳои онро бароварда мекунанд. Ин бузургманишӣ аз як сӯ агар далели аҷзи зеҳнии наҳзатиён аз дарки воқеияти муҳити сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон бошад, аз сӯи дигар нишонаи адами касбият ва набуди дидгоҳи солими сиёсӣ дар ҷиноҳи мухолифин аст.
Асли қазия ин аст, ки вазири умури хориҷаи Руссия – С. Лавров ду рӯз пеш дар ИМА дар яке аз мусоҳибаҳояш ба хабарнигорон иброз доштааст, ки Федератсияи Руссия омодааст, ки вазъи носолими сиёсии минтақавиро, ки ба сабаби бозиҳои геополитикии қудратҳои сатҳи байналмилалӣ ба амал омадааст, ба эътидол оварад. Дар алоқамандӣ ба ин масъала Лавров аз вазъи Тоҷикистон дар солҳои 90-уми қарни гузашта ёдовар шуда таъкид доштааст, барои ба мусолиҳа овардани ҷонибҳои даргир дар он солҳо Руссия ва Эрон “нерӯҳои дунявӣ” ва “ҳизби исломӣ”-ро “оштӣ” дароварда буданд. Феълан, ки боз вазъият танишзост, Руссия мусаммам аст, ки онро ба эътидол дарорад.
Муҳаммадиқболи Садриддин маҳз ҳамин нуктаро таъбиру таъвил карда, дар заминаи хаёлпарастӣ кӯшиш кардааст, ки вазъи байналмилалӣ, баъзе равандҳои сиёсии минтақаву ҷаҳон, муносибати қудратҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла равобити ФР-ро бо Чин ва давлатҳои Ғарбро бо назардошти мавқеъгириашон нисбат ба кишвари мо мавриди “арзёбӣ” ва “таҳлилҳои коршиносона” қарор диҳад. Аммо чунонки мегӯянд: “аз кӯза ҳамон бурун таровад, ки дар ӯст”, аз забони Муҳаммадиқболи Садриддин ҳам ба ҷуз ҳарзаву чарандиёт чизе дигаре бадар наёмадааст.
Муҳаммадиқболи Садриддин аз қавли фавқуззикри С.Лавров чунин натиҷагирӣ кардааст, ки агар ӯ ҳизби наҳзатро ёд овардааст, пас ба ҳеҷ ваҷҳ ҳозир нест, ки онро террористӣ эътироф кунад. Аҷиб таҳлилу шигифтовар натиҷагирие! Аз рӯи ин “мантиқ”-и бемантиқи М.Садриддин гурӯҳи тундраве чун “Толибон”-ро низ Маскав набояд террористӣ эътироф кунад, чунки вақтҳои охир давлатмардони Русия зиёд номи ин гурӯҳи сиёсии диниро ба забон меоранд ва гузашта аз он ҳатто дар Маскав чанд дафъа барои гуфтушунид бо ин гурӯҳ иқдом варзида буданд. Аммо воқеият чунин нест, “Толибон” ҳамоно дар сатҳи байналмилалӣ террористӣ эътироф шудааст. Ёдкарди ин гурӯҳи тундрав фақат барои ҷалби он барои рафъи мушкилот аст, на бештар аз ин. Ҳизби наҳзатро созмонҳои бонуфузи минтақавӣ террористӣ донистаанд, аз ҷумла сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар таърихи 29 январи соли 2016 ин ҳизбро террористӣ эълон карда буд. Фаъолияти собиқ ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар асоси қарори ин ниҳод ба феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, таҳти рақами 79 ворид шудааст. Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба ҳайси ниҳоди маъруфи сиёсиву низомӣ ва амниятиву иқтисодӣ 8 кишвари бузурги ҷаҳонро дар бар мегирад ва як созмони бонуфузи байналмилалист. Магар Муҳаммадиқболи Садриддин дар ин бора иттилоот надорад!? Бе ҳеҷ шакку шубҳа ин “коршинос”-и хаёлпарасти наҳзатӣ дар ин бора иттилоот дорад, аммо мушкил дар он аст, ки ин иттилоот як иттилооти саҳеҳ аст ва маҳз ба ҳамин сабаб ба “мантиқ”-и бемантиқи М.Садриддин созгор нест. Аз он ки М.Садриддин ва ҳар “коршинос”-и хаёлпарасти дигаре наметавонад бар асоси иттилооти саҳеҳ дурӯғбофӣ кунад, бинобар ин табиист, ки онро нодида мегирад.
Айни замон Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакону балегӯёнаш, ки М.Садриддин яке аз онҳост, бо корбурди тамоми маҳорати тӯли солҳо аз сарпарастони хориҷӣ омӯхтаву андӯхтааш талош дорад, ки бо ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистонро нисбат ба роҳбарият ва Ҳукумати кишвар тира созанд. Онҳо чунин вонамуд мекунанд, ки гўё барои ислоҳи нуқсонҳои мавҷудаи ҷомеаи мо саъй карда, роҳи раҳоии кишварро аз бунбасти мушкилотҳои мавҷуда нишон медиҳад. Мақсади аслиашон аз роҳандозии ин пружа он аст, ки бо фазосозӣ дар дохили кишвар ва бо ҷалби таваҷҷуҳу кумаки нерӯҳои манфиатҷӯи байналмилалӣ дигарбора дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳузур пайдо кунанд, аммо ин ҳарфҳову ҳадафи онҳо идомаи ҳамон хаёлпардозиҳояшон аст, ки дар боло ба он ишора шуд.
Тоҷикистон Руссияро ва Руссия Тоҷикистонро шарики стратегии худ медонанд. Аз ин рӯ, дар ин шароити носолими сиёсию геополитикии минтақа ва ҷаҳон ин ду кишвар уҳдадориҳои хешро дар формати Созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла СҲШ ва ҳамчунин дар қолаби қарордоду ҳамкориҳои дуҷониба талош карда, аз густариши нуфузи ҳама гуна нерӯҳои тундрави политизатсияшудаи динӣ дар каламрави Тоҷикистон ҷилавгирӣ хоҳанд кард.