​Изҳороти кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ

Тақлид ба бегонагон - беҳурматӣ ба фарҳанги миллат

Таърих гувоҳ аст, кимиллатитоҷик солҳоимудҳиши1991-1992 ҳодисаҳоигўшношунидроаз саргузаронид. Ва дар он лаҳзаҳо онҳое, ки иродаи қавӣ ва донишимукаммали сиёсӣ надоштанд, пайрави шахсоне гаштанд, ки Тоҷикистон ва миллати онро ба давлатҳои Афғонистону пайравони он монанд карданмехостанд. Албатта, аз он давра то имрўз обҳои бисёр ҷорӣшудуфакту далелҳо кўҳна шуданд, аммо ҳар як шахси фарзонаи миллат медонад, ки мақсадибадхоҳони ватан чӣ буд ва онҳо чӣ мехостанд. Мо медонем, ки ҷанги гражданӣ Тоҷикистони мо ва халқи тоҷикро ба чӣ гуна харобиҳо овардарасонд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвариипрезиденти кишвар, Пешвои миллатЭмомалӣРаҳмон дар роҳибадастоварии сулҳу ваҳдат чӣ гуна ҷонбозиҳо кард, ба ҳама маълум аст.

Имрўз, ки дар саросари кишварҳои мутараққии ҷаҳон ба шарофати амалҳои мудҳиши террористӣманзилҳо харобу мардум дар азоб ҳастанд ва сарчашмаи ин ҳама бесарусомониҳо фаҳмишҳои нодуруст дар бораи дини мубини ислом ва рукнҳои он мебошад, мо – аҳли зиёи кишвар набояд, ки ақидаҳои мудҳишу тафаккури пасти бадхоҳони ватанро ҷонибдорӣ намоем. Мақсад аз роҳ надодани ҷавонон ба намози таровеҳ – пешгирии ҷалб гардидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, ба тарғиботу ташвиқотҳои ғайриқонунӣ шомил нагардидани онҳо мебошад.Ҷое, ки як ҳизби исломӣ ҳаст, даҳҳо ҳизбҳои дигари исломӣ ба миён меоянд ва ин ҳизбҳо бо пуштибонӣ аз давлатҳои ғайриисломӣ ба нобуд сохтани ҳамдигар даст мезананд. Ин мубориза барои пароканда кардану нобуд сохтани халқи мусулмон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни сафарҳояшон ба хориҷа урфу одат, анъана, забон, фарҳанг ва тарзи либоспӯшии мардум аҳамият дода, борҳо таъкид кардаанд, ки муқаддасоти асосии миллиро бо тамоми ҷузъиёташ эҳтиёткорона нигоҳ дорем. Имрӯзҳо занони тоҷик бо дарки амиқи дастгириҳои давлату Ҳукумат дар амалӣ гаштани сиёсати иҷтимоии давлат бо қаноатмандӣ, азму иродаи қавӣ ва завқи баланд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат кору фаъолият намуда истодаанд, ки ин аз пешрафти воқеии ҷомеа, роҳи рушду субот ва ояндаи миллат дарак медиҳад. Зеро дар ин раванд дарки таҳаввулот ва равандҳои ҷаҳони муосир ва дуруст дарку таҳлил намудани онҳо аз ҷониби занон дар пешбурди сиёсати иҷтимоии давлат ва нуфузи он нақши муҳим дорад. Чунки ҳар тағйиру таҳаввуле, ки дар ҷаҳони дирӯзу имрӯз ба вуқуъ мепайвандад, бархоста аз нерӯи занон ва ҷавонон сарчашма мегирад. Таърихи дигаронро омӯхтан, забони хориҷиро донистан ин ба ҳар як шахс хеле фоидаовар аст, лекин ба либоспӯшии онҳо тақлидкорӣ кардан айб буда, нисбат ба миллати худ беҳурматӣ кардан аст.

Мо – халқи пурғановати тоҷик бояд аз ин амалҳо ва манфиатҷӯиҳои давлатҳои абарқудрат зиракии сиёсии худро дучанд намуда, гирди сарвари оқил, Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллати тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шавем ва барои ободиву осудагии ватани худ софдилона хизмат намоем. Дар пойдории сулҳу амнияти ватани маҳбубамон набояд, ки бетараф бошем!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ