Ватанамонро ҳеҷ каспарешон нахоҳод кард!
Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони хеле душвор ба сари қудрат омаданд. Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар табоҳ буд. Миллатро хавфи маҳву нобудӣ таҳдид мекард. Алангаи ҷанги бародаркуш рӯ зада буд. Нахустин вазифаи Пешвои миллат дар ин вазъият муттаҳид намудану ба созиш овардани ҷомеа-зери ливои арзишҳою идеяҳои нави миллӣ буд. Дар тўлисолҳоиистиқлолият кишвари мо дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабру таҳаммул вазъиятро таҳлилу ташхис намуд. Ба сарварони кишварҳои дуру наздик барои ҳалли қазия вохӯрд. Инчунин сардорони гурӯҳҳои мухолифинро сари мизи мусолиҳаю гуфтушунид даъват кард. Музокира, сулҳу субот, ризоияти миллӣ-шиори ӯ гашт. Ба нияти худ ноил шуд.
Мардуми шарафмандикишварамонбо сарвари худ Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмонба асри XXIворидгашт ва барои амалӣгаштани мақсадҳои стратегӣ:соҳиб шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромад аз бунбасти коммуникатсионӣ ваба даст овардани амнияти озуқаворӣ қадамҳои устувор мегузаронад.
Лекин,дар рӯзҳои охир дар сомонаҳои иттилоотии кишвармаълумотпайдо шудааст, ки дарВилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъисиёсӣ ва иҷтимоӣ ташвишовар шуда истодааст. Аз сомона мо огоҳи он гаштем, ки дирӯз дар Хоруғбоз як тирпаронӣ сурат гирифт.
Ин амалҳои ношоиста аз тарафи ҷавонон ташкил карда шудааст ва он бар зидди сиёсати сулҳпарваронаи кишвар мебошанд. Мо ин гуна ҳаракатҳоро маҳкум мекунем ва онҳоро даъват менамоем, ки аз амалҳои ноадолатонаи худ даст кашанд ва барои гул-гул шукуфии кишварамон саҳми худро расонанд.
Ҷомеаи меҳнатии кафедраи
назария ва амалияи забони англисӣ