​Номардон - пуштибони номардон !

Ташкилоти Созмони ҳамкорӣ дар Аврупо солҳои охир аз ҷониби бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ҳамчун Созмони дурӯяю беобрӯ шинохта шудааст. Зеро, инСозмон бо Ҳукуматҳои қонунии кишварҳои гуногун муносибатҳои ҳамкориро ба роҳ монда бошад ҳам, аз дигар паҳлӯ бо намояндагони ба ном оппозитсияи ин давлатҳо ҳамкориашро зичтар бастааст. Ин нуктаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромадҳои расмии худ қайд намуда изҳор карда буд, ки аз ин амали ношоистаи САҲА бояд худдорӣ карда шавад. Вале, нишасте, ки санаи 17.09.2019 дар шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистонбаргузор гардид, собит сохт, ки то ҳол мансабдорони САҲА аз дурӯягӣ (двойные стандарты) барканор нашудаанд. Эҳтимол меравад, ки хислати бефарқӣ ва берӯйгӣба онҳо нишастааст, ва онҳо наметавонанд, амалҳои худро идора намоянд. Шаҳодати ин далел дар он аст, ки тамоми ҷомеаи солии ҷаҳон ташкилотҳои муайянеро, ки расман ҳамчун созмонҳои террористию экстремистӣ шинохта шудааст, маҳкум мекунанду барои нобудсозии онҳо мубориза мебаранд. Имрӯзҳо бошад, САҲА гарчанде, ки бо Ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳди ҳамкорӣ дорад, дар нишастаҳои худ намояндагони палиду разил, ватангадову лаганбардори ҳизби мамнӯъи наҳзатро роҳ медиҳад. Иштироки ин разилони ватанфурӯш дар ҷаласаҳои САҲА шаҳодати он аст, ки онон чоплусони хоҷагони хориҷӣ буда мақсади ягонаи онҳо халалдор сохтани ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва ғасби ғайриқонунии ҳокимият асту халос. Аз суханҳои бадбӯю дасисаҳои муғризонаи онҳо гувоҳи меёбем, ки палиду номард ватану аҷдод надорад ва барои онҳо нафси ҳайвонӣ мансуб асту барои қонеъ гардонидани он онон омодаанд, ки натанҳо ватани худ, балкиаҷдоди худро бе ягон тарсу ҳарос ва андеша фурӯшанд. Ҳол он, ки дар хуни ҳар як намояндаи мардуми соҳибтамаддуни тоҷик муҳаббат ба Ватан, садоқат ба оила ва аҷдоди худ, эҳтиром ба волидайн ва дигар сифатҳои олии инсонӣ бо шири Модар дар танаш ҷойгиршудаву таҷовуз ба ору номус манбаи ғазаби онҳо мегардад. Аз ин лиҳоз, чунин мешуморем, ки дар бисоти САҲА макону ҳиссиёти ноҷавон мардӣ парвариш меёбаду дар ин макон номардони насли нав аз қабили намояндагони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ва думравони он ба воя расида истодаанд. Вагарна, дар расму оин ва анъанаҳои миллати тоҷик, ки бо қаҳрамонони худ аз қабили Деваштич, Темурмалик, Муқаннаъ, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ ва дигарон фахр дорад, табиати биҳиштосою зебоманзариТоҷикистон бо воя расидани ноҷавонмардону хоинони ТТЭ ҳизби наҳзати ислом номбурда ғайриимкон бояд бошад. эҳтимол меравад, ки ин номардонро, ки метавон ҳаромизода номид, падару модар “оқ” карда бошанду онон бехабаранд, ки дар тинаташон Иблис ҷойгир шудааст ва онҳо бехабар аз воқеияти ҳаёт ҳамчун “савдоӣ” ба ҳарзагӯӣ машғуланд.

Имрӯзҳо мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон, ки кайҳо ба фаъолияти наҳзатиён баҳои ҳаққонии манфӣ додаанд, ҳеҷ гоҳ фирефтаи иғвою дасиса ва бӯҳтонҳои бофтаи онҳо намешаванд ва баракс ин ҳолатҳо водор менамояд, ки мардум боз ҳам қаринтар дар гирди роҳбарияти олии кишвар сарҷамъ гардида якҷоя тамоми нерӯю ҳастии худро барои ободиву осудагии Ватани азиз сарф намоянд.

Номардро ҷазо аз Парвардигор рӯ ба рӯ сохтан бо номарди дигар аст ва ӯ дигар наметавонад ба ҷомеаи солим баргардад.

Нест бод номардони хоину ватанфурӯш, палиду муғлиз, разилу ватангадо ва оқипадарҳо ??!!!

Собиров М.С.- мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати “МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ