​Нафрат ба наҳзатиёни ватанфурӯш

Истиқлолияти миллӣ барои Тоҷикистон воқеан дар марҳилаи нави таърихӣ чун неъмати бебаҳое барои вуруди дубора ба харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун кишвари мустақил баъд аз ҳазор соли мавҷудияти давлати Сомониён имконият фароҳам овард.Аммо ин дастоварди беназири таърихӣ дар ин айёми ҳассос ва сарнавиштсоз ба осонӣ ба даст наомад. Зеро баробари эълони Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шурӯи марҳилаи навъи таърихӣ мамлакалт ба гирдоби ҷанги бо ном шаҳрвандӣ кашида шуда, асари ногувори он боиси қурбониҳои зиёде гардид. Дар натиҷаи ин чӣ миқдор модарон, фарзандони дилбанди хешро аз даст додаву дар фироқи ҷигарбандони хеш ашки хунин аз дида фишонанд. Осмони мусаффои Тоҷикистони озодро абри ғаму андӯҳи мардум ва садои навҳаву гиря фаро гирифт, ки боиси гирифтори ин ҳама ранҷҳои кашидаи модарони тоҷик ин аз дасти нафароне, ки на ягон раҳму шавкат, як ватани муайян дорад бо гуфтаҳои хоҷагони сарватмандӣ худ кор карда “Нону намаки ” ин сарзаминро хурда дар ҷавоб боз бар зидди давлатии худ ё бар руи “Ватан” “Модар”-и худ силоҳ бардоштаанд ва боиси ташкил кардани ҷанги шаҳрвандӣ заминаи асоси гузоштааст гуруҳи ТТЭ ҲНИ мебошад.

Хушбахтона, дар чунин вазъияти воқеъан ҳассосу сарнавиштсоз, ки хатари нобуди миллат ба миён омада буд, ба бахти мардуми шарафманди мо фарзанди нақӯиқболи модари тоҷик барои наҷоти халқу Ватани азиз биомад ва башорати тантанаи сулҳу ваҳдатро ба худ овард ва чун рамзи саодатмандии мардуми тоҷик ва тамоми Тоҷикистониён ба тахти кишвардори нишастани фарзанди фарзона ва сарсупурдаи миллат Пешвои миллат барҳақ, ин неъмати бебаҳои “Худованд” барои мардуми тоҷик мебошад. Маҳз, ҳамин иродат ва ихлосу муҳаббати худи мардуми тоҷик бар Пешвои хеш буд, ки дар симои роҳбари давлат чеҳраи барозандаи таърихро бо амри дил бишнохт ва имруз ҳар шаҳрвандии кишвар шукргузорӣ аз он дорад, ки Худованд барои миллати мо, мардуми шарифи Тоҷикистон чун раҳнамо, раҳкушо, ҳидоятгар чароғафрӯзи роҳи фардо ва Пешвои ҳақиқи миллатро дар ин айёми бархӯрдҳои бузург дар сиёсати ҷаҳони ато намудааст.

Имрузҳо нафароне, ки барои ислоҳи корҳои нопоки худ ба воситаи ҳар гуна наворҳои интернетӣ ва бо истифода аз ҳар созмонҳои байналхалқӣ бо иваз кардани номи нопоки худ, ки ТТЭ ҲНИ аст ва бо иваз кардани номи ПМТ дар кишварҳои хоричи мекӯшанд худро сафед кунанду амалҳои “Муғризон”-и худро анҷом диҳанд. Лекин имруз ҳар шарвандӣ кишвар, ҳар ҷавон ва модарони тоҷик хуб дарк мекананд ва имруз “Сафед”-ро аз “Сиёҳ” фарқ карда метавонанд.

Бинобар ин имрузҳо аз ҳар шаҳрванди кишвар таъкид бар он карда мешавад, ки пайваста “Ҳушёрию зираки сиёсии”-ро аз даст надиҳанд ва бар зидди ин гуруҳҳои нохалаф, ки мехоҳанд ҷомеаи моро ноором крдани ҳастан нагузорем ва пайваста барои ҳифзи якпорчаги кишварамон кушиш намоем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ