​Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт.

Пояи бунёд ва сарчашмаи ҳама гуна пешравӣ рушду инкишоф, ваҳдату суботи ҳар як давлати муосирро Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва ягонагӣ ташкил медиҳад.

Унвони ин навиштаҳои мухтасар аз як байти шоири шаҳири миллат,Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода иқтибос шудааст:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Ору, дӯстӣ, ваҳдату ягонагии бани башар, ки асоси ормонҳои ниёгони мо, ба хусус адибону мутафаккиронамонро ифода менамояд, маҳаки сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил додааст.Бинобар ин, аз рӯзҳои нахустиниИҷлосияи таърихии тақдирсози 16-уми ШОҶТ, кис алому паёми сарвари ҷавону тозаинтихоби давлат бо суханҳои муқаддаси Сулҳу ваҳдат ощоз гардида буд, ин нияту азми қатъӣ бо мурури замон ва танҳо боиси сулҳи саросарии тоҷикон ва ваҳдату ягонагии миллат гардид, балки заминаи боэътимоду асоси ба эътидол омадани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни давлатҳо дар минтақа шуда тавонист.

Воқеан, ҳадафи асосии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар баробари эҳёи Тоҷикистони гуг-гулшукуфон ва зиндагии саодатбору арзанда ба ҳар як хонадони ин сарзамини кӯҳанбунёди тозаистиқлол, сулҳу оромии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва эҳтироми мутақобила байни сиёсатмадорони сатҳи олӣ-роҳбарони давлатҳои ҷаҳон мебошад.

Ба ин маънӣ Пешвои миллат ҳанӯз хеле бармаҳал ба ҷомеаи ҷаҳонӣ се унсури сиёсати хушро иброз дошта буданд: «На тавозуни қувваҳо, балки мувозинати манфиатҳо, на ҷустани фоида аз ҳисоби дигарон, балки дарёфти мусолиҳаву мадоро, на даъвои саркардагӣ, балки эҳтироми мутақобил аз ҷумлаи унсурҳои барои инсони бохирад ва аз таҷрибаи сар гузашта бархурдор комилан дастрас мебошад, ки метавонад ба ҳайси бунёди тартиби нави одилонаи ҷаҳони имрӯза қарор бигирад».

Аз ин лиҳоз бояд қайд кард,ки густариши муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни давлатҳои минтақа барқарор гардидани равобити дустона бо ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон тасдиқи гуфтаҳои болост.

Боварии комил дорем, ки ҳодисаҳои нангине, ки дар сарҳадоти Тоҷикистону Ҷумҳурии бародари Қирщизистон дар ноҳияи Исфара ба вуқӯъ пайваст ин зуҳуроти мувақатӣ буда халқи бародари тоҷику қирщиз дар асоси принсипҳои сулҳу оромии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва эҳтироми мутақобилаи байни халқҳо зиндагӣ карда барои муносибатҳои неки ҳамсоягӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ