​ТЭТ ҲНИ сарпарасти худро аз даст дод?

Санаи 8 апрели соли равон президенти ИМА Доналд Трамп расман эълон намуд, ки минбаъд ҳукумати кишвараш Сипоҳи посдорони Эронро ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф хоҳад намуд. Трамп изҳор намудааст, ки ҳукумати Эрон ташкилоти номбурдаро барои амалӣ гардонидани сиёсати иғвогаронаи худ истифода мебарад. Инчунин, ӯ зикр намудааст, ки Сипоҳи посдорони Эрон терроризмро чун воситаи амалӣ намудани сиёсти давлат истифода мекунад ва онро маблағгузорӣ менамояд. Маблағгузории ТЭТ ЊНИ аз тарафи Сипоҳи посдорони Эрон метавонад гуфтаҳои болоро тасдиқ намояд. Мувофиқи маълумоти сомонаи интернетии centrasia.ru Эрон дар воқеаҳои соли 2015 дар Тоҷикистон, ки чун кӯшиши як гурӯҳи террористӣ ва экстремистӣ барои ғасби ҳокимият дониста мешавад, даст дорад. Ин сомона изҳор доштааст, ки Эрон барои гузаронидани табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон 1 млн. 200 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ сарф намудааст.

Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ доимо ҷонибдори ба роҳ мондани муносибатҳои судманд бо тамоми мамлакатҳои дунё ва дигар субъектони муносибатҳои байналхалқӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд «мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем».

Бояд зикр намуд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ монанди дигар мамлакатҳои ҷаҳон вобаста аз манфиатҳои худ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд карда истодааст. Мо намегузорем, ки душманони миллати тоҷик сулҳу субот ва тинҷиву оромии ҷомеа ва давлатро халалдор сохта бошанд. Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон амиқ дарк карда истодаанд, ки бидуни таъмини фазои сулҳу оромӣ бунёди ҷомеаи пешрафтаи демократӣ имконнопазир аст. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо бояд пеш аз ҳама дар фикри таъмини амнияти миллӣ бошем.

Камолиддини Раҷабзод

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ