​Эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ

Дунёи муосирро терроризму экстремизм ба гирдоби ваҳшату низоъҳою хунрезиҳо табдил дода ҷамъиятро бо ҳаргуна ҳаракатҳои даҳшатафканандаю ифротгароӣ ноором ва мардуми кишварҳоеро, ки дар он сулҳу субот ҳукмфармо нест, зиндагии орому осоиштаро соҳиб нестанд, ба таназзул гуруснагӣ, зулму таъдид ва хонавайронию гурезагӣ рӯбарӯ каардаанд.

Нооромии олам дили касро реш реш мегардонад. Бисёр сардабирони ташкилкунандаи шӯру ғавғоҳо худро пок ва мусулмон метарошанду лек даст ба куштору нооромиҳо мезананд. Биёед як ба дунё нигарем, гуноҳи мардуми оддиимусулмон чист, ки дар ватани онҳо ба мисли Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон гуруҳҳои ифротгаро даст ба куштору хунрезиҳо зада дунёи зиндагии онҳоро ноором сохтаанд.

Мо бо шунидани он, ки аз таркишу хунрезиҳо дар масчиту бозорҳо ё ҳамлаи ҷангиёни ба ном “муҳофизони ислом” ба мактабҳо, гаравгонгирии духтарони ноболиғи мактабхон, ғарқшавии гурезагон дар баҳрҳо ғамгин шуда гумон мекардем, ки наход мусулмонон ба чунин хунхориву корҳои номатлуб қодир бошанд, охир дар китоби Худованд фиристода Қурон мардумро даъват ба якдигаршиносию ҳамдигарфаҳми ҳидоят кардааст пас барои чи мо мусулмонон кӯшиш ба сулҳу салоҳ, ободию оромии муҳити зист, эҳтироми якдигар равона накарда рӯ ба ҷангу ҷидол нигарон сохтаем. Бузургвор Шайх Саъдии Шерозӣ фармудаанд:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард орад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту к – аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ !

Вақти он расидааст, ки мо тоҷикистониҳо назари худро нисбат ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, ки ҳамчун бузургтарин неъмат кафили озодии эътиқод ва садати мардуми эътиқодманди Ватан аст таҷдиди назар намоем. Маҳз арзишҳои миллӣ ва давлати соҳибихтиёр чӣ дар масири таърих ва чӣ имрӯз дар шароити муосир қодир аст, ки фазои орому ободи моро таъмин намояд.

Бузургтарин олимон ва донишмандони ниёгони мо ба монанди Салмони Форсӣ, асосгузори мазҳаби худ Имоми Аъзам бо арҷгузории урфу одат ва анъанаҳои миллӣ бузургии дини Исломро дар масири таърих бо гуногунрангии миллию фарҳангӣ, эҳтиром доштан ба арзишҳои миллию неъматҳои истиқлолияти халқу кишварҳои олам ҳифз гардидааст. Дини Ислом ҳамавақт ҳидоят ба ҳурмату эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ ва миллии халқу миллатҳои гуногун дини ҷаҳонӣ намудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба он дорад, ки барои мусулмонони кишвари худ шарои те мусоидат намояд, ки онҳо бе монеги урфу одатҳои худро амалӣ сохта тавонанд. Барои ин дар маҳалҳо иҷозати фаъолияти масчитҳои панҷвақтаро додааст, ки ҳар як шаҳрванд метавонад бе монегӣ намозгузори намояд. Ҷолиби қайд он аст, ки дар пойтахти мамлакат барои шаҳрвандони Тоҷикистон новобаста аз кадом миллат ё наҷот буданаш масчитибоҳашамате сохта истодааст, ки бо ба истифода супоридани он ифтихори ҳар як мусалмони тоҷикистонӣ мегурдад.

Пӯшида нест, ки аз қадим ниёгони мо, олимон, шоирон, мутафакирон ҳамавақт тарафдор ба он буданд, ки дар дунё тинҷӣ, сулҳу салоҳ пойдор бошад, дар ҳақ мо тарафдор ба гуфтори нек, рафтори нек ва кирдори нек буда аз дигарон ҳам ҳаминро пурсон ҳастем.

Шукронаи ҳар субҳи Ватан менамоем, ки бо суханҳои накӯи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мо тоҷикистониҳо шукри ин Ватан, шукри осмони соф, шукри ин осоиштагӣ ва шукронаҳои зиёде, ки ба қадр кардани сулҳу салоҳи аз Худо ба мо насиба расида ҳидоят менамоянд.

Олов М. – устоди донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ