Террорист ватан надорад
Инсоне,ки дорои ақлу заковат асту ва инчунин ватандӯст пешравиҳои давлати азизамонро дида хушнуд мегардад. Аммо мутаасифона дар ҷомеа афродоне низ пайдо мешаванд, ки шукронаи ободониву созандагӣ накарда, бо як сухан “ватанхоҳон” ба ҳақиқат рост нигоҳ намекунанд.
Аз ҷумлаи чунин шахсон “Роҳбари Ташкилоти террористию эктремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ” ба ҳисоб рафта, мехоҳад ба ҳар роҳ осоиштагиву оромии давлатамонро дар зери хатар гузорад.
Мо ҷавонон ба онҳо гуфтанием, ки дар таҳти роҳбарии одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешакардаи он кас давлатамонро гулгул мешукуфонем ва намегузорем, ки ҳар гуна аҳримансириштон ба ин тинҷи хатар андозанд.