​Гунаҳкорони «бегуноҳ» кист?

Сокинони маҳаллаи Сомониёни деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара солҳост, ки бо бошандагони маҳаллаи Кӯктоши деҳаи Оқсойи Љумҳурии Қирғизистон дӯстона умр ба сар мебаранд. Онҳо аз нуқтаҳои ягонаи хизматрасонии маишц, мисли мағоза, нонвойхона ва ғайра истифода менамоянд. Байни сокинони ин ду маҳалла то ба наздикц ягон бадбиниву кудурат ҷой надошт, бо ҳам аҳлу бародар буданд. Аз чист, ки имрӯз якбора ин қадар нафрату бадбинц ба ҳамдигар пайдо кардаанд, якдигарро гӯё чашми дидан надоранд, бадбинии онҳо ба ҳадди ниҳоц расида истодааст. Онҳо аз зарари моддц расонидану талафоти ҷисмонц расонидан ҳам рӯй тофта натавониста истодаанд… Шигифтангез аст, ки ба ин кор на мардуми маҳаллц, балки сарҳадчиёну қумондонони онҳо даст мезананд. Вазифаи онҳо ҳимояи сарҳади ду давлат аст (мутаассифона, ба ҳамин ҳолат расидааст сарҳади ин ду ҷумҳурии ба ҳам дӯсту бародар, ки замоне дар ҳудуди як давлати бузург қарор дошт), на ин ки вайронкориву ҷудоиандозц ва халалдор кардани оромии сокинони осоиштаи он. Ҳадафи онҳо чист? Ба кас ноаён аст, дар назари аввал. Лекин чун амиқтар андеша менамояд, ба хулосае меояд, ки шояд паси ин ҳама дасисакориҳо дасте қавц вуҷуд дорад, ки ба ин кор эшонро тела медиҳад, вале худро аён намесозад. Алҳазар, аз бадандешу бадрафтору бадкирдор, алҳазар!

Нафароне, ки оромии ҷомеаро халалдор месозанд, бояд аз подоши амали хеш андеша созанд. Ҳар амалро, хоҳ нек асту хоҳ бад, подоши шоиста интизор аст. Гунаҳ содир кардану худро «бегунаҳ» шуморидан ва паси парда аз ҳар чизи ношиста рӯй нагардонидан магар дуруст аст? Ҳар фарди солимфикр бояд рафтору кирдори худро баҳо диҳад ва аз оқибати кори хеш андешад, зеро ки Одаму-ш-шуаро Рӯдакц фармуда:

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ