​Бигрез аз он магас, ки бо мор нишаст

Ҳанӯз дар гузашта абармардони бонангу ори миллат ва аҳли фазл зиндагии мусолиҳаомезро беҳтарин василаи осоиштагӣ ва саодати рӯзгор донистаанд, ки имрӯз дар чунин лаҳзаҳои ҳассосу низоъбарангезанда афкори тарбиятомез ва олии хирадмандонро бори дигар гӯшзад ба афродоне мекунем, ки худро огоҳона ба канори ашхоси ақидаҳояшон муғриз нисбат ба Тоҷикистони осоишта мезананд.

Дар соли сипаришуда чанд аҳодиси иғвоангезе, ки аз тарафи дастандаркорони ҳизби террористиву экстеримистӣ ва гурӯҳҳои мухолифи Тоҷикистон сар зад ва дар пайи ин боз табрикоти Муҳиддин Кабирӣ бахшида ба Соли нави исавӣ мо – аҳли зиёро, дар воқеъ, ба ҳайрат гузошт, зеро мақсуди ин гуна афрод чӣ бошад? Андешаҳои калавандаву лагандбардорӣ ё боз найранге дигар? Оё кифоя нест, ки хуни ҳазорҳо мардуми бегуноҳ имрӯз дар хоки афғону Сурия аз ҷабру ситам ва иғвою худхоҳии мисли шумо – мардони беномус ҷорӣ аст.

Таърихи имрӯзу дирӯз хуб дар хотир дорад, ки бисёр ҷавонони моро маҳз ин ҳизби мамнӯъ дар Тоҷикистон ҳангоми фаъолияти хеш ба гирдоби бало мубтало сохтанд. Аз онҳо хоину террор омода карданд, ҳатто лаҳзаҳое буд, ки писари тоҷик ба падари худ, модари худ қотеона ақидаҳои гумроҳи худро бор карда, санги маломату таъна мерехт. Пас, мебояд сари роҳи ин падидаҳои нангинро гирифт.

Бо ин ҳама, набояд фаромӯш кард, ки бузургон гуфтаанд:

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,

Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.

Бигрез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,

Бигрез аз он магас, ки бо мор нишаст.

Боиси фарҳмандист, ки дар ҳар мулоқоту суханрониҳои Пешвои миллат андешаҳои волои Носири Хусрав эҳсос мешавад:

Бирав, бо халқ хушгӯ бошу хушхӯ,

Ки хун аз тарбият шуд мушки хушбӯ.

Нисбат ба халқу миллат ва наврасону ҷавонон тавваҷуҳи хосаи раҳбари давлат гувоҳи ғамхорӣ, хирадмандӣ ва дурандешӣ аст, ки мо – зиёиёни ҷавони кишвар дар ҳар суханронии Пешвои миллат беҳтарин ва нуҳуфтатарин ормонҳои дили хешро дармеёбем ва хушбахту сарфарозем, ки Тоҷикистони навбунёд дар фазои сулҳу ободӣ гом мениҳад. Фарзандонамон дар хуршеди сулҳпартав таълиму тарбия мегирад.

Тиллохоҷаева М.Н.

Декани факултети филологияи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ