Изҳороти кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ
Манша гирифтани амалҳои зишту разил, иғвогару ошӯбангез, ки аз ваъдаҳои дуруғу фандомез, суханҳои бедалел, буҳтонҳои бофта оқибат ошкору тири нохалафон шикаст хоҳад ёфт. Мисоли равшани онро мо дар амали Шарофиддин Гадоев метавонем мушоҳида карда бошем.
Ӯ ба доми макру ҳиллаи хоинон кашида шуда, аз пайи тадбиқи нақшаҳои сиёҳу ваҳдатшиканонаи онҳо гардид. Зимни фаъолият дар ин ҷунбиши бадхоҳон чашми ӯро боз кард. Вай акнун аз нақшаҳои ниҳонии разилону хоинон пай бурд. Бо ҳамин тасмим гирифт, то ба ин фаъолияти ҳоҷатманд, ҳиллагар, авомфиреб хотима бахшад. Дар натиҷа санаи 15-уми феврал ниҳон аз ватанфурушон ба Тоҷикистон баргашт.
Агар амали Шарофиддин Гадоевро дар дохил мардумони меҳанпараст, сазои ҷазо пиндошта, маҳкумсозии ўро пурра ҷонибдорӣ намоянд, ватанфурўшон уммеди дахолати хориҷиёнро ба соҳибихтиёрии давлат дар дил мепарваранд. Зеро халалдорсозии фазои ороми мамлакатамон яке аз воситаҳои боз кардани дарвозаҳои кишвар барои душманони мусаллаҳ ва фатҳи ҳокимият аз тарафи онҳо аст, ки ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ нахоҳем дод.
Баргаштани Ш.Гадоев аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари сарвари хирадмандаш Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шаҳрвандонаш ғамхор аст. Ҳарчанд мухолифин эътироф гардида бошад ҳам, ҳокимияти давлатӣ омода аст гуноҳи ӯро бахшад ва ба ӯ имконият диҳад то ба Ватан баргашта, озодона кору зиндагӣ намояд. Агар не боз ҳам ихтиёр дар дасти ӯст.
Исмоилова М.Б.- сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ