​Изҳороти Шоназарова Д.С.-омўзгори кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ

Мо, яъне тамоми инсонияти рӯи заминдар он давру замоне зиндагӣ дорем, ки ягон кору ҳодисот ва воқеотҳои сиёсии рӯй дода истодаи ҷамъияти муосир дар гӯшаи хаёламон набуд. Танҳо фикр мекардем, ки оянда бе шикасту рехти зиндагӣ умр ба сар хоҳем бурд. Вале афсӯс дар ҷамъият ашхосоне ба миён омадаанд, ки ба решаи ҷамъияти муосир теша мезананд, зада истодаанд ва заданианд. Ин рафтор ва кирдорҳои тешадорон бесаводиву камшуурии онҳоро исбот намуда истодааст. Нақша ва роҳи интихобнамудаи онҳо ба ҷамъият на танҳо халал мерасонад, ҳатто шуури одамонро нисбати ҷамъият заҳролуд месозад.

Онҳо номи ватанфурӯшонро баъди аъзо гардидан ба ташкилотҳои ТЭТ ва ҲНИ сазовор гардидаанд. Он аъзоёни гумроҳгардида аз мафҳуми нақшаву мароми худ бехабаранд, роҳгумзадагон ва сарсонгардидагон мебошанд, ки гуфтаву бофтаҳои душманони ҷамъияти муосирро ба гӯшашон чун гӯшвори зумурадчашмдор овехтаанд. Ташкилкунандагони ин ҷамъиятҳо бо фитнаву бӯҳтон ва фиребҳои гӯшношунид халқи гумроҳзадаро ба худ ҷалб менамоянд.

Ҳоло ҷамъияти кунунии тоҷикон дар зери ливои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии осоишта дошта ба роҳи интихоб намудаи гумроҳзадагон афсӯс мехӯранд, зеро онҳо номи гумроҳзадагиро сазовор гаштаанду ба авлоду аҷдодонашон иснод меоваранд ва хоҳанд овард. Чунин бошад ҳам баъзе роҳгумзадагон боз ба давлату кишвари худ баргашта истодаанд ва ё фикри баргаштан доранд ва баъзеи онҳо баъди дидани ватанашон ҳушёр мегарданд ва шод мешаванд, ки он давраҳои бо душманон гузаронидаашон хобашон будааст.

Худи он ташкилотҳо маркази иттилоотии фитнаангези бо чашми бад ба соҳибтамаддунии кишварамон Тоҷикистон назар афканандагон мебошанд. Худ аз гумроҳ будани худ бехабар мардумро гумроҳ мепиндоранд ва гумроҳ мекунанд.

Онҳо ҷиноятташкилкунандагони муосир мебошанду халос ва барои матлабҳои бемақсаду ҷаҳонвайронкунандаашон ҷавононро бероҳа менамоянд. Аъзоён ва думравони ТЭТ ҲНИ барои гумроҳ намудани шахсони росту беғараз нақшаҳое мураттаб месозанд, ки баъзан худи онҳо баъди хондани нақшаҳояшон ба худ нафринҳо мехонанд ва дар хоби шабашон даҳшатҳоиба сари инсоният овардаашонро ба ёд оварда барои ба номи инсон иснод оварданашон ба худ лаънатҳо мехонанд. Чунин бошад ҳам, чашмҳо ва шуури нобинову норасои онҳоро варақҳои пулҳои Амрикову Европа гирифтааст. Онҳо шуурнокии казоӣ нисбати ҷамъияти ҳозира надоранд яъне бешууранд.

Барои он ҷинояткорон тавба намудан мисли оби ҷӯй аст. Вале онҳо намедонанд, ки оби ҷӯи Ватан ба онҳо нафрин мехонад. Онҳо танҳо дар намуди инсонанду аз кӯчаи виҷдон нагузаштаанд. Он кӯчаҳо барои он бевиҷдонҳо хокашонро низ ҳайф медонанд.

Дар мамлакати мо Тоҷикистони соҳибтамаддуни ҷаҳоншинохт ҳар як шаҳрванди асили халқи тоҷики муосир бо чунин сарвари давлат доштанашон фахр мекунад ва гуфтаҳои Пешвои миллатро сармашқи худ медонад, ки барои ин сатрҳоро дар ин ҷо овардан ман бо Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фахр мекунам, ки ӯ чунин сатрҳоро ба мо халқи тоҷикаш баён намудааст;
«Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисодии миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави иқтисодиро ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фаслҳои сол бо неруи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем».

Бале, ҳамаи пешравию тараққиёт ва кафили зиндагии шоистаи мардум аз таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдату оромӣ вобастагии амиқ дорад. Инро ҳар як шаҳрванди комилу огоҳ ва бедордили мамлакат аз ҳама беҳтару хубтар мефаҳмад ва бо тамоми вуҷуди худ эҳсос мекунад. Тибқи иттилоъ дар рӯзҳои наздик 80 кӯдаке, ки бо гумроҳии волидонашон ба Давлатҳои Ироқу Шом бурда шуда буданд, бо дастур ва дахолати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ аз Ироқ баргардонида хоҳанд шуд. Ин навиштаҳоро хонанда мехонад ва баПешвои миллат аҳсан мехонад.

Ҳар як гуфтаҳои Президенти кишварамон саршори мафҳуми оромиву тинҷӣ на танҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки дар тамоми сайёраамон мебошад,ки боз онро бо сатрҳои зарринаш меорам «Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, хусусан, барои мардуми шарифи тоҷик, мафҳуми бисёр азиз буда, сокинони кишвари мо ба қадру манзалати ин неъмати ҳаётбахш бештар мерасанд. Зеро халқи Тоҷикистон бар асари даргириҳои сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба зарбаи ҷонкоҳе гирифтор шуд, ки даҳшати онро ягон фарди солимфикри ҷомеаи мо ҳаргиз фаромӯш намекунад.
Мо хуб дар хотир дорем, ки дар он солҳо баъзе кишварҳо ба воситаи дастёрони худ, яъне роҳбарону фаъолони собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат - хоиноне, ки барои қонеъ сохтани нафси бади хеш Ватан, миллат, таъриху фарҳанги миллӣ ва ҳатто мазҳабашонро фурӯхта буданд, мехостанд ба сари мардуми мо фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил карда, дар Тоҷикистон давлати исломӣ барпо намоянд.
Ҳарчанд ки ҷанги таҳмилӣ дар кишварамон боиси қурбонии зиёд ва хисороти ниҳоят вазнин гардид, вале ин нақшаи шуми душманони миллати мо барбод рафт ва тири хоинони Тоҷикистон хок хӯрд».

Мо пешравони ҷамъият яъне муаллимон густариш ёфтани падидаҳои терроризму экстремизмро, ки барои амнияти мардум ниҳоят хатарзо мебошанд намегузорем то ки он сабзад. Ба ҷавонон самти носолим будани ин падидаҳоро мефаҳмонем. Онҳоро таъкид мекунем, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, дар вақти рӯ ба рӯ шудан бо шахсони шубҳанок мақомотҳои дахлдорро аз онҳо воқиф кунанд. Донишандӯзони худро раводор созем то ба мафҳуми ҳифз кардани марзу буми Ватан,назорати оромиву осудагии мардум сарфаҳм раванд.

Ифротиёни ҷамъияти муосир ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ ноил намегарданд, зеро онҳо доштани дафтару китобро дар худ тасаввур намекунанд, чӣ будани меҳнати ҳалолро дар хобашон бинанд ҳам аз хобашон метарсанд.

Ҷавононро дар ивази китобу дафтару компютер, ба даст яроқ гирифта, ҳамдигаркушӣ карданашонро меписанданд. Он беҳунарони нотавон, чашми дидан надоранд, ки дар Тоҷикистон боғҳо шаҳдрез шавад, роҳҳову пулҳо, коргоҳҳои саноатӣ ва иншооти маишӣ бунёд гардад.



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ