Изҳороти омўзгори факултети математика Воситова Д.А.
Вақте аз тирпаронии шаби 13-уми январ дар Хоруғ хабардор гардидем, бе шубҳа лаънат бар хочагони хориҷии хоинони миллатамон, ки бо маблағҳои бедардимиён ба даст овардаашон, душманони дохилии Тоҷикистони азизамонро таъмин мекунанд, хондем. Зеро, ки онҳо аз хориҷи кишвар истода пешравиҳои Тоҷикистони нурборонро чашми дидан надоранд, ҷавонони моро бо ҳар роҳ ба доми худ мебаранд ва мехоҳанд ба тинҷиву осоиштагии мардуми мо халал расонанд. Тоҷикистонро, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон мешиносанд поймол кардан мехоҳанд. Ин гуна ашхосон ба қадри сулҳу осоиштагии ватани мо намерасанд. Душманони кишвари мо берун аз сарҳади давлати Тоҷикистон истода мехоҳанд, ки мамлакат хароб гардонанд, то ки онҳо ба осонӣ дохили кишвар гарданд ва барҳам додани сохти имрӯзаи давлатдории Тоҷикистон барояшон осон гардад, вале онҳо ба солимфикриву қавииродагии халқи мо ҳануз ҳам бовар надоранд. Мо мардумисоҳибватану соҳибистиқлоли тоҷикистонӣ амалӣгардидани чунин орзуҳои хоҷагони хориҷиро ҳаргиз намегузорем. Мо ҷон ба куштан медиҳему кишварро ба душман ҳаргиз намедиҳем. Хоҷагони хориҷӣ бояд дарк кунанд, ки бо ин тирпарониву ин амалҳои нопокиашон мардуми сулҳпарвари тоҷикро ҳаргиз наметарсонанд.
Чӣ қадар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистони мо бо дастовардҳои баланд ноил гардад, хоинони миллати мо аз берун бо дастгирии хоҷагони берунии худ мехоҳанд,халқи моро нотинҷ гардонанд, кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки давлати моро дар арсаи байналмиллал паст зананд. Шумо аз хотир набароред, ки Ҷумҳурии Тоҷикистони мо аллакай худро дар сатҳи мамлакатҳои пешрафта муайян намудааст. Бо ин корҳои ношоистаи худ Шумо худро ҳамчун хоини миллат нишон дода истодаед.
Халқи сулҳпарвари тоҷик ҳама як ба як бар муқобили чунин душманон мубориза бурда, баҳри фардои сулҳу амонии кишварамон саҳмгузорӣ мекунем. Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати сулҳу осоишта, гулгулшукуфон, нурборон ҳаст ва мемонад.