«Ҳама бадӣ дар муқобили Тоҷикистону миллати тоҷик ба хотири чист?»

Халқи тоҷик аз он сипосгузор аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон аз аввалинҳо шуда Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибихтиёр расман шинохт. Замоне ки Тоҷикистон дар марҳилаи сангин ва фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, давлати дӯсти Эрон барои ба сулҳу созиш расондани гурӯҳҳои мухолифин саъю кӯшиши тамом ба харҷ дод ва дар истиқрори сулҳи тоҷикон ҳиссаи муносиб гузошт. Гузашта аз ин, дар давраи барқарорсозии паёмадҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон ёриҳои беғаразонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сармоягузории соҳаҳои мухталифи иқтисодии Тоҷикистон возеҳ дида мешавад, ки ба манфиати ҳар ду кишвар аст. Бояд ҳамин тавр ҳам бошад. Зеро тоҷикону эрониён таъриху фарҳанг, забони муштарак доранд ва дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза барои ҳимояи ҳамин рисолати таърихӣ зарурияти ҳамдигарфаҳмӣ, ривоҷи равобити дӯстонаи зичтару қавитари ин ду миллати бародар ногузир гардидааст.

Аммо дар мақолаи Назаров Қ. таҳти унвони«Тоҷикистон бояд ба суди байналмилали муроҷиат кунад» оид ба даст доштани Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон нашр шудааст, моро боз ба ҳайрат овард.

Факту далелҳои ин шахс исбот мекунад, ки донишмандон ва сиёсатмадорони тоҷик-раиси пешини Шӯрои Олӣ Сафаралӣ Кенҷаев, журналисти маъруф Отахон Латифӣ, олимон Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, нависандаи маъруф Сайф Рахимзоди Афардӣ, рўзноманигори маъруф Муҳиддин Олимпур ва Отахон Латифи, Раиси ноҳияи Пролетар (ҳозира Ҷаббор Расулов)-и вилояти Суғд Бегиҷонов С., хабарнигори ОРТ В.Никулин, журналистон Хушбахт Ҳайдаршо, Давлатали Раҳмонали, хизматчиёни ҳарбии Россия, роҳбари равияи динии «Баҳовия» Абдуллои Муқарраби (зодаи Эрону шаҳрванди Британияи Кабир)ва дигарон аз тарафи гумаштагони хориҷ, яъне Эрон кушта шуда будааст.

Хоинони миллат дар соли 90-уми асри гузашта Қум, Машҳад, Ардабил, Караҷ ва остони Мозандарони ҶИЭ омодагии ҳарбию ҷангиро гирифта, воқеан ҳам қатли одамони дар боло зикршударо иҷро кардааст.

Ин мулоҳизаҳо мамлакати Эрон сарпарастии ҷанги шаҳрвандии 1991-1997 ва дастпарварии ҲНИ буданашро ошкора баён намуд. Мамлакати ҳамзабону ҳамфарҳанг, муносибатҳои устувори сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ дошта, ба ин кори мудҳиш даст задааст.

Дар низоҳои дохилӣ айбдор кардани дигар давлатро кори осон нест, аммо далелҳо нишон медиҳад, ки ҳақиқати кор ҳамин аст. Аз ин мақола хулоса баровардан мумкин аст, ки мамлакати Эрон аз давраҳо пешин ба корҳои давлатҳои ҳамсоякишвар ва ҳамзабон бевосита ҳамроҳ шуда, сиёсати худро ҷорӣ карданро мехостааст.

Албатта мо ин хел ҳодиса ва хабарҳоро оромона, бо сабру таҳаммул қабул менамоем, зеро мақсади асосии давлати дунявӣ ва дини Ислом ваҳдат, ягонагӣ, якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмии мусалмонон ва ҷомеа аст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ