​Паёми нурбахш

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои зиндагии осоишта, оғози инкишофи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ барои соли навбатӣ мебошад.

Тамоми таъкидхое, ки дар Паёми имсола ироа гардид, барои боз ҳам беҳтар намудани зиндагии халқи Тоҷикистон бахшида шуда, бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки шиори Пешвои миллати мо таъмини зиндагии шоиста ва некуаҳволии мардум буда, ба халқ содиқона хизмат кардан аст. Пешвои миллат дар Паёмашон таъкид намуданд, ки “мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем”.

Имрӯз дар дехахои дурдасти кишвар ободкории беназирро дида, дар умқи дил барои боз ҳам шукуфоии Ватан бовар эҳсос мекунем.

Обрӯю эътибори кишвари мо дар соли 2018 пеш аз ҳама аз ташаббуси чоруми ҷаҳонии Пешвои муаззмаи миллати мо дар соҳаи об — «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об бо иштироки бевоситаи Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид, ба ҳисоб рафта, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид.

Дар Паём, қайд гардид, ба кор андохтани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мешавад. Таърихи башар собит месозад, ки рушди илму техника ва татбиқи бозёфтҳои навтарин ба фаъолияти созандаи инсоният вобастагии калон дорад.

Боҳир РАҶАБОВ - устоди донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ