Изҳороти муаллими кафедраи Барномарезӣ Мирмуҳамедов М.М
Ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат аз ибтидо бо ниятҳи нопоки худ барои халалдор намудани оромию субот ва амну осоиш фаъолият менамуд. Пешравӣ ва сулҳу суботро нахоста, ба ҳар роҳу восита оромии мамлакатро халалдор мекард. Аз рўзҳои аввали фаъолияти худ ин ташкилоти террористӣ аз демократия сўйистифода намуда, амалҳои он аз арзишҳои демократӣ дур буданд.
Дар солҳои 90-уми асри гузашта ТЭТ ҲНИ яке аз тарафҳои моҷаро буд, фаъолияташ комилан ба меъёрҳои демократӣ мувофиқат намекард. Муборизаи мусаллаҳонаи ин созмон барои ишғоли мансаб, соҳиб шудан ба қудрат, ба гурўҳҳо ҷудо намудани аҳолӣ, таҳаммулнопазирӣ ба нерўҳои дигари сиёсӣ, хусусан коммунистон, машғул шудан ба амалҳои гаравгонгирӣ ва террор аз моҳияти ғайридемократии ТЭТ ҲНИ дарак медод.
Сарварони ин созмон бояд эътироф намоянд, ки бадбахтиҳои ба сари мардуми кишвар омада, маҳз аз маърифати пасти сиёсии саркардаҳои ТЭТ ҲНИ дар солҳои 90-уми асри гузашта буд.
Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони ў, ки мунтазам даъвои сулҳу оромӣ мекунанд, дар қалбашон заррае меҳри Ватан надоранд. Ин душманони давлату миллат маҳз бо маблағгузории хоҷагони хориҷиашон дар ҷаласаҳои САҲА ширкат намуда, аз таъсиси паймони нави хиёнаткоронааш иттилоъ доданд.
Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом барои пиёда намудани нақшаҳои нопоки худ дар мавриди созмон додани ташкилоти наве, ки дар он номи ислом набошад иттилоъ дод. Бо имзои чор тан аз гумроҳон Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Илҳом Ёқубзода ва Алим Шерзамонов гўё онҳо Паймони миллии Тоҷикистонро таъсис доданд. Ҳадафи таъсиси ташкилоти мазкур ҳанўз орзу ва пешниҳоди Кабирӣ буд. Мақсади ниҳоии Кабирӣ бинобар он ки ҳама аз хиёнатҳои наҳзатиён огоҳ гардиданд ва фаъолияти ғайриқонунии ин ташкилоти таҳрибкорро њам дар хориҷ ва њам дар дохил ҳамагон маҳкум намуданд, мехоҳад паймонеро таъсис дода ҷавононро ба сафҳои худ ҷалб намояд.
Ҳизби наҳзатро ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохили мамлакат ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ мешиносанд ва аъзоёну ҳаммаслакони онро ҳамчун душманони давлату миллат эътироф менамоянд. Аз ин рў, амали шудани нақшаҳои ғаразноки наҳзатиён амри маҳол аст. Онҳо бояд хуб бианешанд ва аз давлату миллати тоҷик узр бипурсанд, то дар таърих ҳамчун ашхоси хоин номи эшон сабт нагардад.