​Изҳороти ҷомеаи устодони факултети педагогӣ дар ҳошияи изҳороти Шарофиддин Гадоев

Баъди тамошои изҳороти яке аз пайравони собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ҷавоне бо исми Шарофиддин Гадоевро тариқи шабакаи иҷтимоӣ ба хулосае меоиву зарбулмасалу мақолҳое амсоли «Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ», «Шахси беватан – булбули бечаман» ба хотир меоянд.

Бозгашти Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон он қадар воқеаи бузург набошад ҳам, вале дарки хато аз ҷониби ӯ ин аллакай муваффақияти доираи васеи мардум аст. Мутассифона, ин ҷавон ба қадри ғамхориву дастгирии ҳамватанон нарасида, боз ба гирдоби бало печид. Боз фирефтаи мардуми дасисабоз гардида аз Ватан хориҷ шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ояндаи Тоҷикистон ба кўшишу ғайрат, илму дониш, маҳорату малакаи кордониву забонӣ ва сатҳи тахсуссусии ҷавонон вобастагии калон дорад. Ибораи хеле боэътимоди ин марди сарнавиштсоз «Фақат мард метавонад, гуноҳи дигареро бахшад» борҳо исботи худро ёфта, дақиқиву амиқиаш боиси дар ҳайрат монондани бисёр «доноён» гаштааст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи роҳгумзадагонро бахшида истодааст, вале қадри ин меҳрубониро донистан ба ақлу виҷдони ин гумроҳон вобаста аст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ