​Терроризм ва экстремизм – хатари глобалии ҷаҳон

Имрӯз, дар раванди ҳаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҳудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзӯр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Бинобар ин, ягона роҳ барои пешгирии зуҳур ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчӯбаи мазҳаби суннатии ҳанафия мебошад. Ҳилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҳомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад. Бо боварии комил аз минбари баланд гуфта метавонем, ки ҳавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҳик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд. Зеро ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рӯзномаву маҳаллаҳо, барномаҳои телевизиониву радио, конфронсу мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо намояндагони мақомотҳо ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳимро мебозанд.

Ҳама дастаҳамъона кушиш ба харҳ диҳем, то фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҳомеа, алалхусус ҳавонон фаҳмонида тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кур-курона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд.

Манонова М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ