Либоси миллӣ - ифодагари суннати ниёгон
Агар талаботи иҷтимоӣ, ба пешрафти иқтисодию фаъолияти меҳнативу истеҳсолии аъзои ҷомеа вобаста бошад, эҳтиёҷоти маънавӣ ба некӯаҳволӣ ва таъминоти иҷтимоии ҳамаи табақаҳои ҷомеа алоқаманд аст. Бинобар ин, масъалаи пайдоиши ҳама гуна падидаи ҷамъиятӣ, аз ҷумла, анъана, расму оин, ақидаҳои мазҳабиро танҳо бо назардошти он, ки ҳама гуна падидаи иҷтимоӣ дар асоси эҳтиёҷи муайяни ҷамъиятӣ пайдо шудаву ташаккул меёбад, дуруст ҳаллу фасл кардан мумкин аст.
Ин матлабҳо барои муайян кардани мавқеи ҷаҳоншиносонаи шахсият, баҳогузории дурусти нақши дин, эътиқод, анъанаҳо ва оинҳо дар инкишофи фарҳанги иҷтимоии инсонӣ аҳамияти ҷиддӣ дошта, таъсири мусбати онҳоро ба ҷаҳонбинии шахсият, ҳамчунин моҳияти инсонпарваронаву ҳаётдӯстонаи онҳоро ошкор менамоянд. Яке аз нишонаҳои фарҳанги миллии халқи тоҷик либоси миллӣ ба ҳисоб меравад.
Аз сарчашмаҳои таърихӣ аён аст, ки либос яке аз ихтирооти беҳтарини инсоният маҳсуб меёбад. Дар марҳилаи аввали пайдоиши либос инсоният онро барои муҳофизати бадан истифода мекард. Бо мурури замон либос ҳамчун ифодакунандаи фарҳанги иҷтимоӣ, анъанаҳои миллиро соҳиб гашт. Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст.
Таърих гувоҳ аст, ки зан – модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат хеш буд ва хоҳад монд.
Дар кишвари мо нафареро пайдо намудан душвор аст, ки мафтуни сеҳру ҷаззобияти либосҳои миллии Суғду Хатлон, Рашту Ҳисор набошад. Ҳама гуна рангу ҷилои либосҳои миллии мо ба оламиён маъруф гаштааст.
Мутаассифона, дар шароити имрӯза миёни ҷавонони мо тақлид ба фарҳанги бегона бо роҳи пӯшидани пироҳанҳои кӯтоҳи ба тан часпида, доманҳои кӯтоҳ ва ҳиҷоб густариш ёфт, ки ин хавфи касод гардии фарҳанги миллиро ба миён меорад.
Дар анъанаи миллии мо либосҳои тоҷикидўхт ва тоҷикшинам дар зебоишиносии миллии мо нақши муҳим гузоштаанд. Имрӯзҳо аз ҷониби занону духтарони тоҷик пӯшидани либоси ба фарҳангу миллати мо бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб зиёд ба назар мерасад. Ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул гаштааст, хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии тоҷикона ягон робитае надошт ва надорад. Ҳиҷоби сиёҳ бошад, ба фарҳанги тоҷикон кулан бегона аст.
Қайд намудан лозим аст, ки мардуми тоҷик расму анъанаҳои худро ҷиҳати пӯшидани либоси миллӣ вобаста ба минтақаҳои кишварамон аз солҳои пешин дошт. Бояд гуфт, ки ки модарону хоҳарони мо бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд ва барои равнақи расму анъанаҳои гузаштаи мо вобаста ба пӯшидани сару либоси миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, на балки сатру ҳиҷоби барои мардуми бегонаро тақлидкорӣ намоянд.
Мо – тоҷикон воқеан ҳам фарҳанги пўшидани либосҳои миллии худро дорем ва бояд ин гуна арзишҳоро ҷонибдорӣ намоем. Либоспўшии тоҷикӣ бо такя ба назокати хоси матлуб моро дар роҳи дарку шинохти арзишҳои воқеии милливу башарӣ пеш мебарад.
Вале, мутаассифона, бархе аз занону бонувони тоҷик бешуурона майл ба либоси бегона намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Онҳо андеша надоранд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар фарҳанг ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст.
Изҳороти Кучибоев Ш.И. – иҷрокунандаи
вазифаи мудири кафедраи педагогикаи умумӣ